Ба гузориши хабаргузории Ал-Маёдин, Эхуд Олмерт, нахуствазири собиқи режими саҳюнистӣ дар гуфтугӯ бо шабакаи 13 телевизиони ин режим таъкид кард: Ҳизбуллоҳи Лубнон ин қудратро дорад, ки шадидтар аз ҳамалоти кунунӣ, исроилро ҳадаф қарор диҳад.
Вай афзуд: бояд имрӯз ҷанг дар Ғаззаро мутаваққиф кунем.
Эхуд Олмерт тасреҳ кард: Мо шоҳиди нобудии ғамангези ҷойгоҳи Исроил дар ҷаҳон ҳастем. Ҳеҷ дастоварде вуҷуд надорад, ки битавонад ҳазинаи сангини амалиёт дар Рафаҳро бипардозад.
Лозим ба зикр аст, ки амалиёти Ҳизбуллоҳи Лубнон алайҳи мавозеъи режими саҳюнистӣ тайи рӯзҳои гузашта алайҳи манотиқи шимолии сарзаминҳои ишғолии Фаластин шиддат гирифта ва боиси ба вуҷуд омадани тарс ва ваҳшат дар миёни саҳюнистҳо шудааст.
https://tajikpress.com/2024/06/06/