Якшанбе 9 Зилҳиҷҷа мусодиф бо рӯзи Арафа аст; Рӯзе, ки ҳазрати имом Ҳусайн (а) дар саҳрои Арафот бо муноҷоти зебо оламро таҳти таъсир қарор доданд. Дар китоби Мафотиҳулҷинон барои шаб ва рӯзи Арафа аъмол ва одобе зикр шудааст, ки амал ба онҳо метавонад моро дар касби ҳар чи бештари аъмоли ин рӯзи бузург ёрӣ кунад.
Шаби Арафа
Аввал: дуое, ки бо ин иборат оғоз мешавад, хонда шавад: «اَللّهُمَّ یا شاهِدَ کُلِّ نَجْوى وَ مَوْضِعَ کُلِّ شَکْوى وَ عالِمَ کُلِّ خَفِیَّةٍ وَ مُنْتَهى کُلِّ حاجَةٍ یا مُبْتَدِئاً» ривоят шуда ҳаркас онро дар шаби Арафа ё дар шабҳои ҷумъа бихонд Худованд ӯро биёмурзад.
Дувум: (ба нақли Кафъамӣ) тасбеҳоти Ашрро, ки дар аъмоли рӯзи Арафа омадаастро ҳазор мартаба хонда шавад.
Севум: дуои «اللّهُمَّ مَنْ تَعَبَّاَ وَ تَهَیَّاَ»-ро, ки дар рӯзи Арафа ва шаб ва рӯзи ҷумъа низ ворид аст, хонда шавад.
Чаҳорум: зиёрати имом Ҳусайн (а).
Рӯзи Арафа
Рӯзи нӯҳум, рӯзи Арафа ва аз аъёди бузург аст, гар чи ба исми ид номида нашуда ва рӯзе аст, ки Худо бандгоншаро ба ибодат ва тоати хеш даъват карда ва суфраҳои ҷӯд ва эҳсонашро барои онон густурда ва шайтон дар ин рӯз хортар ва ҳақиртар ва рондатар ва хашмноктар аз рӯзҳои дигар аст.
Ривоят шуда, ки ҳазрати Зайнулобидин (а) дар рӯзи Арафа садои соилеро шунид, ки аз мардум дархости кумак мекард, ба ӯ фармуд: вой бар ту, оё дар ин рӯз аз ғайри Худо дархост мекуни? Ва ҳол онки барои бачаҳои дар раҳм, дар ин рӯз умед меравад, ки фазли Худо шомили ҳолашон шавад ва саодатманд шаванд; Ва барои ин рӯз чанд амал ворид аст:
1- Ғусл, ки мустаҳаб аст қабл аз завол анҷом шавад.
2- Зиёрати имом Ҳусайн (а), ки аз ҳазор Ҳаҷ ва ҳазор умра ва ҳазор ҷиҳод болотар аст ва аҳодис, дар касрати фазилати зиёрати он ҳазрат дар ин рӯз мутавотир аст ва агар касе тавфиқ ёбад, ки дар ин рӯз дар таҳти қуббаа муқаддасаи он ҳазрат бошад савобаш камтар аз касе, ки дар Арафот аст нест.
3- Баъд аз намози аср пеш аз он ки машғул ба хондани дуоҳои Арафа шавад дар зери осмон ду ракъат намоз ба ҷо оварад ва назди Ҳақ Таоло ба гуноҳони худ эътироф ва иқрор кунад то ба савоби Арафот растгор шавад ва гуноҳонаш омирзида шавад. Пас, чун вақти завол шуд зери осмон равад ва намози зӯҳр ва асрро бо рукӯъ ва суҷуди некӯ ба амал овард ва чун фориғ шавад ду ракъат намоз иқома кунад. Дар ракъати аввал баъд аз ҳамд, тавҳид ва дар дувум баъд аз ҳамд, «قُل یا اَیُّهَا الْکافِروُنَ» хонда шавад; Ва баъд аз он чаҳор ракъат намоз гузорад, ки дар ҳар ракъат баъд аз Ҳамд, Тавҳид панҷоҳ мартаба бихонд., ки ин намоз, ҳамон намози ҳазрати Амиралмуъминин (а) аст.
4- Шайх Кафъамӣ дар Мисбоҳ фармуда мустаҳаб аст рӯзаи рӯзи Арафа барои касе, ки заъф пайдо накунад ва монеъи дуо хондани ӯ нашавад.
5- Мустаҳаб аст ғусл пеш аз завол ва зиёрати имом Ҳусайн (а) дар рӯз ва шаби Арафа.
6- Тасбеҳоти ҳазрати Расули Худо (с) дар рӯзи Арафа.
7- Сураи Тавҳид сад мартаба ва оятулкурсӣ сад мартаба ва салавот бар Муҳаммад ва оли Муҳаммад сад мартаба хонда шавад ва дуои зайли хонда шавад:
لااِلهَ اِلا اللّهُ وَحْدَهُ لا شَریکَ لَهُ لَهُ الْمُلْکُ وَ لَهُ الْحَمْدُ یُحْیى وَ یُمیتُ وَ یُمیتُ وَ یُحْیى وَهُوَ حَىُّ لا یَموُتُ بِیَدِهِ الْخَیْرُ وَهُوَ عَلى کُلِّشَىْءٍ َقدیرٌ