IQNA

Барномаи радио Қуръони Миср барои бузургдошти Абул-Айнайни Шуайшаъ

21:19 - June 24, 2024
рақами хабар: 1721
ИКНА - Раиси радио Қуръони Карими Миср аз барномаи ин расона барои бузургдошти сездаҳумин солгарди даргузашти устод Абул-Айнайни Шуайшаъ, қории бузурги мисрӣ ва раиси собиқи иттиҳодияи қориёни Миср хабар дод.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, Ризо Абдусалом, раиси радио Қуръони Карими Миср аз барномаи ин расона барои бузургдошти сездаҳумин солгарди даргузашти Абул-Айнайни Шуайшаъ, қории бузурги мисрии машҳур ба «корвони давлати тиловат» ва раиси собиқи иттиҳодияи қориёни Миср хабар дод.

Абдусалом дар гуфтугӯи вижа бо Ал-Ватан таъйид кард: радио Қуръони Карим бо тавваҷуҳ ба мақоми болои шайх Абул-Айнайни Шуайшаъ дар миёни қориёни мисрии ин радио тамоми талоши худро барои бузургдошти сездаҳумин солгарди иртиҳоли вай ба унвони яке аз барҷастатарин қориёни Қуръони Карим дар Миср ва ҷаҳони Ислом хоҳад кард.

Вай тасреҳ кард: дар тамоми тӯли имрӯз маҷмӯъае аз таловатҳои вай аз радио пахш хоҳад шуд, илова бар ин дар замони азон низ, азон бо садоӣ ӯ пахш мешавад дар канори ин умӯр, мароҳили мухталифи зиндагии вай низ аз сӯи соҳиб назарони мурур хоҳад шуд.

Раиси радиои Қуръони Қоҳира тасреҳ кард ки дар сездаҳумини солгарди вафоти шайх Абул-Айнайни Шуайшаъ, шоҳиди пахши таловатҳои машҳур ва ҳамчунин таловатҳои нодир аз шайх хоҳем буд, ки барои нахустин бор аз радиои Қуръони Миср пахш мешавад. Ин таловатҳо дар архиви радиои Қуръони Миср ба унвони яке аз ғанитарин архиви таловатҳои қориёни барҷастаи Миср ва ҷаҳони Ислом, мавҷӯд аст ва ба муносибатҳои мухталиф пахш мешавад.

Қории фақид шайх Абул-Айнайни Шуайшаъ, раиси собиқи иттиҳодияи қориёни мисрӣ 12 августи 1922 дар шаҳри Било аз тавобеъи устони Кафарушшайх дида ба ҷаҳон гушӯд ва рӯзи панҷшанбе, 23 июни 2011, дар синни 88 солагӣ, пас аз умре хизмат ба Қуръони Карим даргузашт.

https://iqna.ir/fa/news/4222855

captcha