IQNA

Дархости Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои Ислом аз Тоҷикистон барои ҷилавгирӣ аз исломситезӣ

22:22 - June 25, 2024
рақами хабар: 1725
ИКНА - Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои Ислом аз давлати Тоҷикистон хост то талошҳо барои тағйири ҳувияти исломии кишварро мутаваққиф созад. 

Ба гузориши вебсайт расмии Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои Ислом, ин Иттиҳодия бо интишори баёнияе аз давлати Тоҷикистон хост то талошҳо барои тағйири ҳувияти исломии кишварро мутаваққиф созад. Ин баёния пас аз тасмими давлати Тоҷикистон барои мамнуъияти ҳиҷоб дар марокизи давлатӣ ва омӯзишӣ содир шудааст.

Иттиҳодияи ҷаҳонии уламои Ислом талошҳо барои тағйири ҳувияти исломӣ дар Тоҷикистонро маҳкум ва хостори эҳтиром ба озодии мардуми тоҷик шуд. Дар ин баёния таъкид шудааст, ки талошҳое, ки дар Тоҷикистон барои тағйири ҳувияти мардуми мусулмон ва одоби исломии онҳо анҷом мешавад маҳкум аст ва ҳамонанди намунаҳои мушобеҳ дар дигар кишварҳо шикаст хоҳад хурд.

Ин Иттиҳодия аз масъулони Тоҷикистон хост то ин сиёсатро тағйир диҳанд, ба усули Ислом эҳтиром бигузоранд ва озодии мардуми мусулмони тоҷик, ки ҳатто дар замони ҳукумати коммунистӣ дини худро ҳифз карданд, мӯҳтарам бишморанд.

Иттиҳодияи байналмилалии уламои Ислом таъкид кард: бо таассуф ва нигаронии амиқ он чиро, ки бар Тоҷикистон мегузарад аз мамнуъияти ҳиҷоб, ҷилавгирӣ аз баргузории ҷашни иди Фитр ва иди Қурбон, мамнуъияти фиристодани кӯдакон ба масҷид, зиндонӣ кардани воизон ва бастани садҳо масҷид ба шиддат интиқод мекунем, ин иқдомот моро ба ёди талошҳои мушобеҳе меандозад, ки дар давраи шоҳ дар Эрон ва ё дар даврони Мустафо Камол дар Туркия рух дод. Ҳамонтавр, ки дидем ин сиёсатҳо шикаст хурд ва ин таҷориб ба зуболадони таърих андохта шуд.

Таърих гувоҳ аст, ки тамаддуни пешрафта на бо беадолатӣ, истибдод, диктаторӣ ва истибдод, балки бо дониш, адолат, эътиқод, озодии масъулона ва халлоқият сохта мешавад.

Дар поёни ин баёния омадааст: Мо аз давлати Тоҷикистон мехоҳем, ки аз ин иқдомоти хатарнок худдорӣ кунад чаро, ки муғоир бо ҳувияти мардуми бузурги тоҷик ва тамаддуни исломии онҳо аст.

https://iqna.ir/fa/news/4223101

captcha