IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 24

Миёнаравӣ; Рамзи ислоҳ аз дидгоҳи Қуръон

10:00 - July 02, 2023
рақами хабар: 174
Фасод ва табоҳӣ яке аз натоиҷи каноргузоштани миёнаравӣ дар ҷомеа аст. Қуръон бо тарҳи мафҳуми густарае, ки онро “Исроф” меномад, ҷиҳатеро барои рафторҳои инсон муаян мекунад, ки ба ислоҳи иҷтимоӣ ва барқарории таодул ва саодат дар ҷомеа меанҷомад.

Таодул ва миёнаравӣ дар сабки зиндагии исломӣ ҷойгоҳи вижае дорад. Барои шинохти ин муалифаи коромад дар зиндагӣ, корбурди вожаи “Исроф” дар Қуръон, ки дар муқобили чунин таодуле қарор дорад, ба мо кумак мекунад. “Исроф” ба маънои зиёдаравӣ ва таҷовуз аз ҳадди эътидол, мафҳуми густурдааст, ки ҷамъан 23 бор дар Қуръон ба кор рафта ва бо мафҳуми фасод иртиботи мустақиме дорад:

إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ; “Худованд исрофкоронро дӯст намедорад” (Аъроф, 31). Далели инки Худованд исрофкоронро аз доираи муҳаббати худ хориҷ медонад, фасоде аст, ки аз тариқи барҳам задани ҳолати таодул дар ҳар амре эҷод мекунад. Исроф нобудкунандаи имконот ва дороиҳои гуногуни инсон аст ва гоҳ мӯҷиби камёбии чизе барои дигарон мешавад.

Баъзе аз анвоъи исроф

 1 - Исрофи иҷтимоӣ

 وَلَا تُطِيعُوا أَمْرَ الْمُسْرِفِينَ الَّذِينَ يُفْسِدُونَ فِي الْأَرْضِ وَلَا يُصْلِحُونَ; “Ва итоати фармони мусрифон накунед. Ҳамонҳо, ки дар замин фасод мекунанд ва ислоҳ наме‏кунанд”. (Шуаро, 151-152)

Ҳаргуна фасоди иҷтимоӣ аз ҷумла хунрезӣ, зиёдахоҳӣ, истикбор ва зулм исроф дониста шудааст, ки таодули ҷомеаро барҳам мезанад ва ба ихтилофот, даргириҳо ва чолишҳои иҷтимоӣ доман мезанад.

  1. Исрофи фикрӣ

كَذَلِكَ يُضِلُّ اللَّهُ مَنْ هُوَ مُسْرِفٌ مُرْتَابٌ; “Худо ҳар киро ифротгари шаккок аст бероҳа ме‏гузорад”. (Ғофир, 34). Шак, як ҳолати табиӣ аст, вале шакки бемаврид ва боқӣ мондан дар он нописанд аст, ки яке аз мисдоқҳои исроф маҳсуб мешавад.

  1. Исрофи рафторӣ

 قلْ يَا عِبَادِيَ الَّذِينَ أَسْرَفُوا عَلَى أَنْفُسِهِمْ لَا تَقْنَطُوا مِنْ رَحْمَةِ اللَّهِ إِنَّ اللَّهَ يَغْفِرُ الذُّنُوبَ جَمِيعًا إِنَّهُ هُوَ الْغَفُورُ الرَّحِيمُ; “Бигӯ: эй бандагони ман, ки бар худ исроф ва ситам кардаед! Аз раҳмати Худованд ноумед нашавед, ки Худо ҳамаи гуноҳонро ми‏омурзад”. (Зумар, 53)

Дар инҷо исроф бар зидди худ матраҳ шуда, ки муфассирон аз он таъбир ба зулм ба худ кардаанд.

  1. Исроф дар ҳаққи дигарон

Тасарруф дар амволи дигарон ба хусус ятим, исроф шумурда шуда ва Қуръон ба шиддат аз он наҳй мекунад: وَابْتَلُوا الْيَتَامَى ... فَإِنْ آنَسْتُمْ مِنْهُمْ رُشْدًا فَادْفَعُوا إِلَيْهِمْ أَمْوَالَهُمْ وَلَا تَأْكُلُوهَا إِسْرَافًا وَبِدَارًا أَنْ يَكْبَرُوا وَمَنْ كَانَ غَنِيًّا فَلْيَسْتَعْفِفْ وَمَنْ كَانَ فَقِيرًا فَلْيَأْكُلْ بِالْمَعْرُوفِ; “Ва ятимонро агар дар эшон рушди [фикрӣ] ёфтед амволашонро ба онон бар гардонед ва ба исроф ва шитоб махӯред ва он кас, ки тавонгар аст бояд [аз гирифтани уҷрати сарпарастӣ] худдорӣ варзад ва ҳар кас туҳидаст аст бояд мутобиқи урф [аз он] бихӯрад”. (Нисо, 6).

  1. Исроф дар кайфар

 وَلَا تَقْتُلُوا النَّفْسَ الَّتِي حَرَّمَ اللَّهُ إِلَّا بِالْحَقِّ وَمَنْ قُتِلَ مَظْلُومًا فَقَدْ جَعَلْنَا لِوَلِيِّهِ سُلْطَانًا فَلَا يُسْرِفْ فِي الْقَتْلِ إِنَّهُ كَانَ مَنْصُورًا; “Ва нафасеро, ки Худованд ҳаром кардааст ҷуз ба ҳақ макӯшед ва ҳар кас мазлум кушта шавад ба сарпарасти вай қудрате додаем пас [ӯ] набояд дар қатл зиёдиравӣ кунад зеро ӯ [аз тарафи шаръ] ёрӣ шудааст”. (Исроъ, 33).

Иктифо ба муҷозоти қотил, қатъ накардани аъзои бадани қотил ва мамнуъияти куштани қотил пас аз афви вай аз ҷониби валии мақтул аз ҷумла мавориде аст, ки Ислом бар он таъкид дорад ва бетаваҷҷӯҳӣ ба онро исроф талаққӣ кардааст.

  1. Исроф дар масраф

كُلُوا وَاشْرَبُوا وَلَا تُسْرِفُوا إِنَّهُ لَا يُحِبُّ الْمُسْرِفِينَ; “Бихӯред ва биёшомед ва [ле] зиёдаравӣ макунед, ки ӯ исрофкоронро дӯст намедорад!” (Аъроф, 31).

  1. Исроф дар инфоқ

وَالَّذِينَ إِذَا أَنْفَقُوا لَمْ يُسْرِفُوا وَلَمْ يَقْتُرُوا وَكَانَ بَيْنَ ذَلِكَ قَوَامًا; “Ва касоне, ки чун инфоқ кунанд на зиёдаравӣ мекунанд ва на танг мегиранд ва миёни ин ду [равиш] ҳадди васатро бармегузинанд”. (Фурқон, 67). Инфоқ дар роҳи маъсият ва гуноҳ, инфоқ аз рӯи риё ва фахрфурӯшӣ ва инфоқи беш аз ҳад аз мавориде аст, ки ба он исроф дар инфоқ итлоқ шудааст.

Калидвожаҳо: Миёнаравӣ дар Ислом, натоиҷи номатлуби зиёдаравӣ, фасод, исроф.

captcha