Теҳрон (ИКНА) “Инфоқ” (ба маънои бахшидани чизе ба касе, ки ниёзманди он аст) чунон тасреҳ мекунад, ки барои расидан ба мақоми некон, бояд аз ончи дӯст дорем ба ниёзмандон бибахшем. Инфоқе, ки ҳар чӣ дӯстдоштанитар бошад, мақоми болотар насиби инсон мекунад.
Инфоқ истилоҳан ба бахшидани чизе аз дороиҳои худ ба ниёзманд аст. Инфоқ бо “бахшидан” азонҷиҳат мутафовит аст, ки дар инфоқ ҳамвора моликияти шайъи инфоқ шуда мунтақил мешавад; Вале дар бахшидан лузуман чунин нест.
“Бир” яке аз вожаҳои Қуръон аст, ки ба маънои некӯкорӣ ва густарондани некӯкорӣ ишора дорад. “Бир” ҳамчунин ҷойгоҳи бартар ва воло аст, ки ба инсонҳо ваъда дода шудааст, ки бо риояти маҷмӯае аз корҳои хайр ба он ноил мешаванд. Дар баъзе аз ривоёт, аз “Бир” таъбир ба ҷойгоҳи шоистатарин инсонҳо назди Худованд шудааст, ки Аҳлубайт(а) мисдоқи он маҳсуб мешавад.
Аммо ин ҷойгоҳ насиби чӣ касе мешавад? Худованд дар сураи Оли Имрон мефармояд: لَنْ تَنَالُوا الْبِرَّ حَتَّى تُنْفِقُوا مِمَّا تُحِبُّونَ وَمَا تُنْفِقُوا مِنْ شَيْءٍ فَإِنَّ اللَّهَ بِهِ عَلِيمٌ; “Ҳаргиз ба некӯкорӣ нахоҳед расид то аз ончи дӯст доред инфоқ кунед ва аз ҳар чӣ инфоқ кунед қатъан Худо бадон доност” (Оли Имрон, 92).
Вожаи “Бир” дар ин оятро ба маънои хайри васеъ ва густурда чӣ эътиқодӣ ва амалӣ таъриф кардаанд ва масодиқи онро биҳишт, тақво, будан аз солеҳон, имон ва амали пок донистаанд. Ин оят яке аз шароити расидан ба мақоми некӯкоронро инфоқ аз амволи мавриди алоқаи инсон медонад.
Ба бовари Аллома Таботабоӣ, муфассири муосири Қуръони Карим, аҳамияти инфоқ аз ончи маҳбуби инсон аст ва нақши он дар найли инсон ба мақоми бир ва аброр бад-ин ҷиҳат аст, ки инсон бар асоси ғаризааш, вобастагии қалбӣ ба ҷамоварии мол дорад ва гӯё мол бахше аз зиндагӣ ва ҳаёти ӯст, онгуна, ки агар аз дасташ бидиҳад гӯё ҳаёташро аз даст додааст ва инфоқ дар миёни ибодот ингунааст, ки чизеро монанди ҳаёт аз одаме ҷудо мекунад, ба ҳамин ҷиҳат дар расонданаш ба “бир” муассир аст.
Мӯҳсини Қироатӣ дар тафсири Нур баъзе аз паёмҳои ин сураро чунин феҳрист кардааст:
1- Ягона роҳи расидан ба мақоми некӯкорон, инфоқи холисона аз умури мавриди алоқааст.
2- Дар мактаби ислом, ҳадаф аз инфоқ танҳо фақрзудоӣ нест, балки рушди инфоқ кунанда низ матраҳ аст. Дил кандан аз маҳбубҳои хиёлӣ ва шукуфошудани рӯҳи саховат, аз муҳиммтарин осори инфоқ барои инфоқ кунандааст.
3- Дилбастагӣ ба дунё сабаби маҳрум шудан аз расидан ба мақоми бир аст.