IQNA

Суннати илоҳӣ чист?/ Сунани илоҳӣ дар Қуръон 1

12:12 - August 23, 2024
рақами хабар: 2006
Суннати илоҳӣ завобитест, ки дар афъоли илоҳӣ вуҷуд дорад ё равишҳоест, ки Худои Мутаол, умури олам ва одамро бар пояи онҳо тадбир ва идора мекунад.

 Суннати илоҳӣ чист?/ Сунани илоҳӣ дар Қуръон 1Суннат дар луғат ба маънои сира, равиш, одат, табиат ва сиришт аст. Ин вожа маънои такрор ва истимрорро мерасонад. Қуръони Карим мефармояд: 
وَإِنْ يَعُودُوا فَقَدْ مَضَتْ سُنَّتُ الْأَوَّلِينَ
Ва агар [ба адовати Ислом ва Расули Худо] баргарданд ва душманӣ кунанд, равиши ба кор гирифта шуда дар бораи куффори гузашта дар мавриди онҳо амал хоҳад шуд. (Сураи Анфол, ояти 38)
Суннати илоҳӣ завобитест, ки дар афъоли илоҳӣ вуҷуд дорад ё равишҳоест, ки Худои Мутаъол, умури олам ва одамро бар пояи онҳо тадбир ва идора мекунад. Вақте ки аз як “суннати илоҳӣ” сухан ба миён меояд, мурод он нест, ки феъли хосе, мустақиман ва бевосита аз Худои Мутаъол содир мешавад, балки мумкин аст асбобу васоили бисёре, аз ҷумла табиӣ ва оддӣ ва фавқи табиӣ ва ғайбӣ, дар кор омада бошад ва дар айни ҳол, феъл ба Худои Мутаъол мансуб шавад.
Бар асоси оёти Қуръони Карим аз ҷумла ояти 23 сураи Фатҳ:
سُنَّةَ اللَّهِ الَّتِي قَدْ خَلَتْ مِنْ قَبْلُ وَ لَنْ تَجِدَ لِسُنَّةِ اللَّهِ تَبْديلاً
“Суннати илоҳӣ аз пеш ҳамин буда, ва дар суннати илоҳӣ ҳаргиз тағйире нахоҳӣ ёфт”.
Се вижагиро метавон барои суннатҳои илоҳӣ дар назар гирифт: 1. суннатҳои илоҳӣ, ҷараққа ва тасодуф нест, балки як ҷараён ва қонуни ҷорӣ ва аз пеш барномарезӣ шудааст. 2. Суннатҳо ва қавонини илоҳӣ, фаротар аз замону макон ва ақли маҳдуди башарӣ аст ва бар асоси озмуну хато нест, лизо ҷомеъ ва бидуни тағйир аст. 3. қавонини илоҳӣ, дар тӯли замон куҳна ва нокоромад намешавад.
Суннатҳои илоҳӣ бархе ухравӣ ва бархе дунявӣ ҳастанд. Суннатҳои дунявӣ, бархе фардӣ ва бархе иҷтимоиянд; суннатҳои иҷтимоӣ ба ду дастаи “ом” (мутлақ) ва “хос” (муқайяд ё машрут) тақсим мешаванд. Суннатҳои ом ба иродаи инсонҳо иртиботе надоранд ва қавонине ҳастанд, ки шомили ҳар ду гуруҳи ҳаққу ботил мешаванд, аммо суннатҳои хос фақат шомили гуруҳи ҳақ ё ботил мешаванд: бархе аз суннатҳои ом (мутлақ) иборатанд аз суннати ҳидоят аз тариқи фиристодани паёмбарон (а) барои тамоми умматҳо ва гугуҳҳои инсонӣ; суннати ибтило, фитна ва озмоиш бо хушиҳо ва нохушиҳо; суннати имҳол (муҳлат додан) ва адами таъҷили барои уқубати муъминон ва кофирон. Бархе аз суннатҳои хос низ иборат мешаванд аз: Суннати издиёди неъматҳо дар пайи шукргузорӣ ва нуқсони неъмат дар асари носипосӣ; суннати фурӯпошии иқтидори ҷавомеъ дар асари тарди паёмбарон (а) ва суннати гумроҳии гом ба гоми аҳли ботил.

captcha