IQNA

Сураҳои Қуръон / 30

Пешгӯии Қуръон дар бораи “Рум” ва ваъдаи кӯмак ба мӯъминон

22:03 - July 10, 2023
рақами хабар: 203
Сарзамини “Рум” ва ҷангҳои румиён бо эрониён яке аз ишороти Қуръони Карим аст. Дар даврае, ки Ҳираклиюс дар Рум ҳукумат мекард, тайи солҳои аввалия аз Эрон шикаст хӯрд, аммо тибқи ваҳй қуръонӣ, ахбори пирӯзии Рум пешгӯӣ шуд, ки ба зудӣ таҳаққуқ ёфт.

Теҳрон (ИКНА), сиюмин сураи Қуръони Карим “Рум” ном дорад. Ин сура бо 60 оят дар ҷузъи 21 қарор гирифтааст. Сураи Рум аз сураҳои макӣ аст ва ҳаштод ва чаҳорумин сурае аст, ки бар Паёмбари Азизи Ислом(с) нозил шудааст.

“Рум” ишора ба сарзамин ва тамаддуни бостонӣ дорад, ки дар Аврупо ва Осиёи Сағир (Туркия ва Анатолия) қарор дошт ва дар дасти ҷумҳурии Рум, императории Рум ва императории Руми Шарқӣ (Бизанс) буд.

Иллати номгузории ин сура ба номи “Рум”, ишора ба шикасти румиён аз эрониён ва пешгӯӣ шикасти эрониён аз румён дар ояндаи наздик буд, ки мухолифон ва мувофиқони Исломро шигифтзада кард.

Ҳираклиюс (575–641 мелодӣ) танҳо подшоҳи Рум дар тамоми муддати набуввати Паёмбари Ислом(с) буд ва набардҳое, ки дар Қуръон ёд шуда, дар давраи фармонравоӣ ӯ рух дод.

Дар он давра, эрониён қудрати бартар буданд ва пирӯзиҳои зиёде ба даст оварда буданд. Дар Қуръон ба шикастҳои Рум ишора шуда, аммо ин пешгӯиро низ матраҳ мекунад, ки ба зудӣ Рум пирӯз хоҳад шуд.

Муддате баъд румён ба бартариҳое даст ёфтанд ва ниҳоятан дар соли 627 мелодӣ (шашуми ҳиҷрӣ) сипоҳи Рум дар “набарди Найнаво” Эронро шикаст дод ва пешгӯӣ Қуръони Карим ба ҳақиқат пайваст.

Ин пешгӯӣ аз он ҷиҳат буд, ки Рум , як ҳукумати динӣ буд, аммо дар баробари эрониён, ки дар он давра ҷомеаи мутадайине набуданд, шикаст хӯрда буд ва мушрикон, мусулмононро, ки ба думболи эҷоди ҷомеа ва ҳукумати динӣ буданд, масхара мекарданд, аммо Қуръон ин ваъдаро дод, ки ба зудӣ мушрикон сарафканда хоҳанд шуд.

Худованд бо баёни ин мисол ва пешгӯӣ, ба ваъдаи қатъии Худо ва ёрӣ расондан ба муъминон ишора кардааст. Растохез ва ҷудоӣ гурӯҳҳо ва сарнавиштҳо, даъват ба тавҳид, фитрати инсон, робитаи мустақим миёни аъмоли мардум ва ҳаводиси олам, таъсири рафтори одамӣ бар зуҳури фитна ва фасод ва масъалаи ихтилоф, тафриқаи зиёнҳо ва осор манфии он дар дин ва ҷомеа аз дигар мавзӯъоти ин сурааст.

Аз оёти машҳури ин сура ояти фитрат аст, ки ба сиришти илоҳӣ ва навъи офариниши инсонҳо пардохта ва гароиши инсон ба Худо ва динро фитрӣ ва бархоста аз даруни он медонад.

Пардохтан ба бахше аз қавонини хилқат ва сунани илоҳӣ монанди масъалаи завҷият, маваддат ва раҳмати фитрӣ миёни инсонҳо, ихтилофи шаб ва рӯз, забонҳо ва рангҳо, нузули борон ва эҳёи замини мурда ва қивоми осмон ва замин дар фазо низ мавриди шарҳ ва табйин қарор гирифта ва бар баъзе аз аҳком, монанди наҳйи аз рибохорӣ ва лузум, дастгирӣ аз мустамандон ва хешони таъкид шудааст.

 

captcha