IQNA

Қуръон чӣ мегӯяд / 32

Ҷомеътарин ояти Қуръони Карим

21:43 - July 11, 2023
рақами хабар: 206
Ояте дар Қуръон вуҷуд дорад, ки понздаҳ сифати некро дар се бахши имон, амал ва ахлоқ баён карда ва ҷомеътарин ояти Қуръон маҳсуб мешавад ва усули муҳимми эътиқодӣ, амалӣ ва ахлоқӣ дар он матраҳ шудааст.

لَيْسَ الْبِرَّ أَنْ تُوَلُّوا وُجُوهَكُمْ قِبَلَ الْمَشْرِقِ وَالْمَغْرِبِ وَلَكِنَّ الْبِرَّ مَنْ آمَنَ بِاللَّهِ وَالْيَوْمِ الْآخِرِ وَالْمَلَائِكَةِ وَالْكِتَابِ وَالنَّبِيِّينَ وَآتَى الْمَالَ عَلَى حُبِّهِ ذَوِي الْقُرْبَى وَالْيَتَامَى وَالْمَسَاكِينَ وَابْنَ السَّبِيلِ وَالسَّائِلِينَ وَفِي الرِّقَابِ وَأَقَامَ الصَّلَاةَ وَآتَى الزَّكَاةَ وَالْمُوفُونَ بِعَهْدِهِمْ إِذَا عَاهَدُوا وَالصَّابِرِينَ فِي الْبَأْسَاءِ وَالضَّرَّاءِ وَحِينَ الْبَأْسِ أُولَئِكَ الَّذِينَ صَدَقُوا وَأُولَئِكَ هُمُ الْمُتَّقُونَ; “Некӣ (танҳо) ин нест (ки ба ҳангоми намоз) сурат худро ба сӯи машриқ ва мағриб кунед (ва тамоми гуфтугӯи шумо аз масъалаи қибла ва тағйири қибла бошад) балки некӣ (ва некӯкор) касоне ҳастанд, ки ба Худо ва рӯзи растохез ва фариштагон ва китоби осмонӣ ва Паёмбарон имон оваранд ва моли (худ)-ро бо алоқае, ки ба он доранд ба хешовандон ва ятимон ва мискинон ва вомондагони дар роҳ ва соилон ва бардагон инфоқ ме‏кунанд, намозро барпо медоранд, ва закотро ме‏пардозанд ва ба аҳди худ ба ҳангоме, ки аҳд бастанд вафо мекунанд, дар баробари маҳрумиятҳо ва бемориҳо, ва дар майдони ҷанг истиқомат ба харҷ ме‏диҳанд, инҳо касоне ҳастанд, ки рост ме‏гӯянд”. (Бақара, 177)

Теҳрон (ИКНА) ин оят понздаҳ сифати некро дар се бахши имон, амал ва ахлоқ баён намудааст ва ҷомеътарин ояти Қуръон маҳсуб мешавад. Аз Расули Худо Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи нақл шудааст, ки фармуданд: ҳар кас ба ин оят амал кунад, имонаш комил аст.

Ин оят дар бахши имон, ба масъалаи имон ба Худо, фариштагон, Анбиё, қиёмат ва кутуби осмонӣ ишора карда ва дар бахши амал, ба масоили ибодӣ монанди намоз ва иқтисодӣ монанди закот ва иҷтимоӣ монанди озод намудани бардагон ва низоме монанди сабр дар ҷабҳа ва ҷанг, ва рӯҳӣ ва равонӣ мисли сабр дар баробари мушкилот, ишора гардидааст. Дар бахши ахлоқӣ низ ба вафои ба аҳд ва дилкандан аз моддиёт ва тараҳҳум ба фуқаро ишора шудааст.

Имон ба Худо, сабаби хузуъи инсон дар баробари ҳақ аст ва имон ба қиёмат, мӯҷиби вусъати дид ва баландии ҳиммат мешавад. Имон ба вуҷуди малоика, нишонаи имон ба ташкилоти мовароӣ табиат аст. Имон ба Анбиё, имон ба ваҳй ва ҷараёни ҳидоят дар тӯли таърих аст ва далел бар инки инсон дар ин ҷаҳон раҳо ва бебарнома набудааст.

Инфоқ, баёнгари рӯҳи ҳамкорӣ ва навъдӯстӣ, ва намоз, пайванди мустақими бо Худо, ва закот барномарезӣ ва иқдом барои ҳалли мушкили маҳрумон, ва вафои ба аҳд, мӯҷиби таҳкими иртиботот, ва сабр, омили об дидашудани инсонҳост.

Сабр, модари ҳамаи камолот аст ва Қуръон роҳи расидан ба биҳиштро сабр медонад ва ба поси бурдбории афрод ба онон ҷойгоҳи баланде дода мешавад. Чунонки фариштагон ба биҳиштиён салом мегӯяанд (Раъд, 24) ва раҳбарони илоҳӣ мефармояд: جَعَلْنا مِنْهُمْ أَئِمَّةً يَهْدُونَ بِأَمْرِنا لَمَّا صَبَرُوا; Ононро ба хотири сабаршон, пешвоёне қарор додем, ки ба амри мо ҳидоят менамуданд” (Саҷда, 24).

Мавзӯъи дигар барои расидан ба камоли тақво, инфоқ аст, ки ба ду гуна воҷиб ва ғайри воҷиб матраҳ шуда ва ҳарду лозим аст.

وَالَّذِينَ فِي أَمْوَالِهِمْ حَقٌّ مَعْلُومٌ * لِلسَّائِلِ وَالْمَحْرُومِ; “Ва ҳамонон, ки дар амволашон ҳаққи маълум барои соил ва маҳрум” (Маориҷ, 24 ва 25) дар ривояот низ мехонем: дар амволи сарватмандон, ғайр аз закот, низ ҳаққе барои маҳрумон аст ва касе, ки сер бихобд, дар ҳоле, ки ҳамсояи ӯ гурусна бошад, имони комил ба Худо ва қиёмат надорад.

Баъзе аз паёмҳои оят дар тафсири Нур

  1. Ба ҷои мӯҳтавои дин, ба сӯроғи зоҳир наравем ва аз аҳдофи аслӣ боз намонем.
  2. Яке аз вазоифи Анбиё ва китоби осмонӣ, тағйири фарҳанги мардум аст.
  3. Имон, муқаддам бар амал аст.
captcha