IQNA

40 ҳазор мубориз мунтазири дастури Насруллоҳ ҳастанд

6:00 - September 26, 2024
рақами хабар: 2163
ИКНА - Як расонаи ибрӣ навишт, ки артиши режими саҳюнистӣ бо нигаронӣ хабарҳои марбут ба вуруди ҳудуди 40 ҳазор неру аз Сурия, Ироқ ва Яман ба Ҷавлон дар интизори фарохони Сайид Ҳасан Насруллоҳ, дабири кулли Ҳизбуллоҳи Лубнон барои ҷангро дунбол мекунад.

Ба гузориши ТоҷикПресс, “Haaretz” навишт, ки артиши режими Исроил ба шиддат нигарони вуруди ҳудуди 40 ҳазор неру аз кишварҳои арабии Сурия, Ироқ ва Яман ба Ҷавлон аст.
Ин рӯзномаи ибрӣ ба нақл аз бархе масъулони амниятии режими саҳюнистӣ идома дод: Ин неруҳо дар Ҷавлон мунтазири судури дастуре аз насруллоҳ ҳастанд ва бо вуҷуди ин ки онҳо аз неруҳои вижа нестанд, аммо шароит ҳамчунон нигарон кунандааст.
Ҳамчунин “Haaretz” ба нақл аз як манбаи олирутбаи амниятӣ навишт: “Ҳузури ин неруҳо бисёр хатарнок аст онҳо вориди Сурия хоҳанд шуд то ба Башшор Асад, раисҷумҳури Сурия эълом кунанд, ки ҳаргиз ҳузури ҷангҷуёне дар ин минтақаро нахоҳанд пазируфт, Исроил дар ҷанге аст, ки метавонад ба ҷанги минтақавии бисёр густардатаре мунҷар шавад.”
Расонаи ибрӣ ба нақл аз арзёбиҳои ниҳоди амниятии ин режим идома дод Ҳизбуллоҳ тавоноиҳое дар ихтиёр дорад, ки ҳавзаи дарёӣ ва обҳои иқтисодии режими саҳюнистиро таҳдид мекунад.
Ҳамин тавр манбаи амниятии ёд шуда гуфт: Ҳизбуллоҳ ҳануз тавони шиллики 100 ҳазор мушак ба Исроилро дорад ва набояд қудрати мушакии Ҳизбуллоҳро дасти кам гирифт.
Haaretz дар идома овардааст, ки масъулони амниятии режими саҳюнистӣ аз тасмими фармондиҳиҳои низомӣ ва сиёсӣ барои ҷудоии сохтагии 2 ҷабҳаи шимол ва ҷануб интиқод карданд ва гуфтанд: “тасаввур бо ин воқеият муртабит аст, ки фишор бар Ҳизбуллоҳ муҷиби дастовардҳое дар Ғазза хоҳад шуд.”
Ин масъулони саҳюнист таъкид карданд: Эъмоли фишор бар Ҳизбуллоҳ нишон медиҳад, ки Исроил аз талош барои “нобудӣ”-и Ҳамос ва бозгардондани афроди боздошт шуда даст кашида ва Бенямин Нетаняҳу, нахусти вазири ин кишвар дар ройзаниҳои амниятии ахири худ тағйиреро дар бардошташ аз таҳаввулоти ҷорӣ дар Ғазза нишон дод.
Артиши режими саҳюнистӣ аз субҳи душанбе ҳамалотеро алайҳи Лубнон оғоз кард, ки аз замони оғози ҷанг алайҳи Навори Ғазза, шадидтарин ва густардатарин ҳамалот алайҳи Лубнон буд, ки бар асоси гузориши Вазорати беҳдошти Лубнон, дар натиҷаи он 558 лубнонӣ аз ҷумла 50 кӯдак ва 94 зан ба шаҳодат расида ва 1835 лубнонии дигар захмӣ шуданд.
Аз ҳаштуми октябри 2023 дар тӯли хати обӣ, Ҳизбуллоҳи Лубнон ва гуруҳҳои муқовимати Фаластин аз як сӯи ва артиши режими саҳюнистӣ аз сӯи дигар ҳамалоте алайҳи якдигар доштанд, ки садҳо шаҳиду захмӣ дар тарафи лубнонӣ барҷоӣ гузошт.
Ҳизбуллоҳи Лубнон ва гуруҳҳои муқовимат хостори поён ёфтани ҳамалоти режими саҳюнистӣ ба Навор Ғазза ҳастанд, ки аз 7-уми октябри гузашта то ҳол беш аз 137 ҳазор шаҳиду захмӣ ва беш аз 10 ҳазор бедаракшуда доштааст.

https://tajikpress.com/2024/09/25/

captcha