IQNA

Ҳамоиши байналмилалии "Арбаин" Ҳамбстагии миллӣ, ҳамгароии исломӣ ва муқовимати ҷаҳонӣ баргузор мешавад

22:38 - July 21, 2023
рақами хабар: 244
Ба гузориши "ИКНА" шашумин ҳамоиши байналмилалии Арбаини Ҳусайнӣ бо унвони "Арбаин" Ҳамбстагии миллӣ, ҳамгароӣ исломӣ ва муқовимати ҷаҳонӣ, 11 сентиябри 2023, ба ҳиммати донишгоҳи Аллом Таботабоӣ(р) ва бо ҳузури донишмандони ҷаҳони Ислом, дар донишкадаи Ҳуқуқ ва улуми сиёсии ин донишгоҳ баргузор мешавад.

Дар баргузории ин ҳамоиш созмонҳо ва ниҳодҳои чун вазорати фарҳанг ва иршоди исломӣ, созмони фарҳанг ва иртибототи исломӣ, муовинати фарҳангии Ҷиҳоди донишгоҳӣ, Маҷмаъи ҷаҳонии тақриби мазоҳиби исломӣ, Маҷмаъи ҷаҳони Аҳлу байт(а) ва Созмони ҳаҷ ва зиёрат ва ... ҳамкорӣ доранд.

Ин ҳамоиши байналмилалӣ дар ҳашт меҳвар баргузор мешавад, ки иборатанд аз:

Арбаин; Сиёсат ва равобити байналмилалӣ 
 Арбаин; Мутолиоти фарҳангӣ- иҷтимоӣ 
 Арбаин; Мутолиоти мудириятӣ ва иқтисодӣ 
 Арбаин; Илоҳиёт ва фалсафа 
 Арбаин; Ҳунар ва адабиёт 
 Арбаин; Равоншиносӣ ва саломат
 Арбаин ва улуми иртиботот 
 Арбаин ва таҷрибаи зиста 
Таърихи дарёфти чакида, 22 август манзур шуда ва ҳамоиш дар 11 сентиябри 2023, дар донишгоҳи Аллома Таботабоӣ(р) донишкадаи Ҳуқуқ ва улуми сиёсӣ баргузор мешавад.

https://iqna.ir/fa/news/4156588

captcha