IQNA

Муҳаққиқони ношинохтаи қуръонӣ

"Днизи Мосун" аз пешгомон дар гуфтугӯи адён то тарҷумаи Қуръон ба фаронсавӣ

18:28 - November 24, 2024
рақами хабар: 2470
ИКНА - Днизи Мосун, аз бонувони фаронсавӣ ва пешгомони гуфтугӯи адён буд, ки солҳо дар Марокаш зиндагӣ кард ва пас аз ошноӣ бо фарҳангу тамаддуни исломӣ, Қуръонро ба фаронсаӣ баргардонд.

Ба гузориши ИКНА, "Днизи Ҳелени Марии Мосун" (Denise Masson) бонӯи фаронсавии сокини Марокаш буд ки 5 августи соли 1901 дар хонаводаи сарватманд дар Порис дида ба ҷаҳон гушӯд ва 10 ноябри 1994 дори фониро видоъ гуфт.

Падараши вакилии барҷаста буд, ки ба ҷамъоварӣ осори ҳунарии таърихӣ рӯй оварад, Мосун ишқ ба осори торихӣ ва ҳунариро аз вай ба ирс бурд.

Модари Дниз Мосун пёнист буд ва дар маҳофили ҳунарӣ ва паркҳо пиёно менавохт, бо вуҷӯди кӯдакӣ дар нозу неъмати Мосун, беморӣ ӯ, волидайнашро маҷбур кард, ки ба Алҷазоир ки дар он замон мустаъмираи Фаронса буд, муҳоҷират кунанд, ин гӯна буд, ки Мосун зиндагии ҷадидиро дар миёни арабҳо оғоз кард ва дар хиёбонҳои пойтахти Алҷазоир, арабиро фаро гирифт.

Талоқи волидайнаш дар соли 1925 ва дар замоне ки ӯ дар авҷи ҷавонӣ буд, сабаб шуд, ки ӯ зуҳд дар дунё ва зиндагии калисоиро барои ошноӣ бо кутуби муқаддас дар пеш бигирад ва муддате дар килисо зиндагӣ кунад.

Ӯ роҳибае масиҳӣ ва як парастор буд, ки ба шарқ шиносӣ рӯй оварад ва Қуръонро пас аз ёдгирии арабии фасеҳ ва гӯиши марокашӣ ба фаронсавӣ тарҷума ва онро дар ҳазор сафҳа дар маркази интишоротӣ «Голимор»-и Порис, ки аз машҳуртарин марокизи интишороти Фаронса буд, ба чоп расонд.

Ин бонӯи фаронсавӣ ё ба хотири тавозуъ ё адами таҳрики эҳсосоти динӣ номи комили худро бар тарҷумаи Қуръонаш дарҷ накард ва ношир танҳо ба дарҷи калима "Д" (D) бар рӯи ин асар иктифо кард; чаро ки мардум аз ин ки як зан ба тарҷумаи Қуръон рӯй биёварад, таъаҷҷуб карда ва мухолифи ин масаъла буданд; дар он замон танҳо шарқ шиносон ва афроди ошно ба забони арабӣ аз миёни мардон ба тарҷумаи Қуръон рӯй меовараданд.

Вижагиҳои тарҷумаи Қуръони Мосун

Бисёре аз пажӯҳишгарони тарҷумаи фаронсавии Қуръони Днизи Мосунро ба далели дараки амиқи Қуръон ва Ислом, сода ва равон ва дороӣ маънавият медонанд ва «Субҳи Солеҳ», андешманди лубнонӣ онро «Аз беҳтарини тарҷумаҳои вафодор ба маъони Қуръон» хондааст.

«Фани Гружон», шарқ шинос, нависанда ва мутарҷими фаронсавӣ дар муқаддамае ки бар китоби Мосун навишта, овардааст: «насси Қуръон муъҷизааст, оё мутарҷими Қуръон он муъҷизаро такрор мекунад?, ба назар мерасад ин амр бо иртибот гирифтан бо насси Қуръон ва сабру бурдборӣ дар истихроҷи маъонӣ, мумкин ва ин ҳамон коре аст, ки Мосун анҷом додааст».

«Абдурразоқ Ал-Қорунӣ», муҳаққиқ ва рӯзноманигори араб мегуяд: «бӯстоне ки ба номи Мосун номгузорӣ шуда, аз осори таърихӣ, гардишгарӣ ва фарҳангии Марокаш аст ва пас аз даргузашти вай дар соли 1994, маркази Фаронса, умуроти онро бар ӯҳда гирифт.

Вай меафзояд: «Мосун 60 сол пазирои ҳунармандони барҷаста ва фарҳехтагон буд, ӯ нависанда, мусиқӣ дон ва пешгом гуфтугӯи байни фарҳанги Аврупо, Мағриб ва адёни осмонӣ буд».

Истинод ба тафосири Қуръон

Ин бонуи фаронсавии марокашӣ барои фаҳми бархе оёт дар тарҷумаи Қуръон аз тафсири «Кашшофи» Замахшарӣ, «Анворут-танзили» Байзовӣ ва тафсири «Ҷалолайн»аз  Сиютӣ баҳра бурд ва дар муқаддамаи тӯлонии тарҷумаи худ ба нуқоти иштирок ва ихтилоф байни Қуръон, Таврот ва Инҷил пардохтааст, ӯ дар ҳавошӣ ва поварақиҳо, ирҷоъоти зиёдеро оварда то ибҳомоти эҳтимолӣ дар тарҷумаро равшан ва возеҳ баён карда ва тавзеҳ диҳад.

Днизи Мосун тарҷумаҳои аз Қуръонро ки барои китоби соли 1958 худ бо унвони «Қуръон ва ваҳйи масеҳӣ» оғоз карда буд, аз сар гирифт ва саранҷом асари бузурги худ, яъне тарҷумаи комили Қуръонро ба поён расонад. Ин тарҷума ки ба далели вижагиҳои адабӣ ва сабки мухтасараш мавриди таҳсин қарор гирифт, дар соли 1967 дар маҷмӯъа «Пелёд» мунташир шуд ва дар канори тарҷумаҳои аҳди қадим ва аҳди ҷадид қарор гирифт.

Дар мавриди худи тарҷума, Орен ишора мекунад, ки ин тарҷума «аз тафсирҳои изофӣ ва ҳошия равиҳои беҳуда ва эҷозҳои мубҳам, ки домҳои бузург барои мутарҷимон ҳастанд, парҳез карда ва зиндатарин ва дар айни ҳоли дақиқтарин муодилаҳоро ироа медиҳад.»

Этироми зиёд ба китоби муқаддаси мусулмонон

Днизи Мосун дар бораи ангезаи худ аз тарҷумаи Қуръон, эҳтироми зиёд ба китоби мусулмононро муҳимтарин ангеза дониста ва гуфтааст тамоми талоши худро ба кор гирифтам то ибороти Қуръониро бо вафодорӣ ба матн ва ба равшанӣ тавзеҳ дода ва дар айни ҳол моҳияти мафоҳими Қуръон ва вижагиҳои сабки Қуръониро ҳифз ва маънавияти вожаҳои Қуръонро мунтақил кунам.

«دنیز ماسون»؛ از پیشگامی در گفت‌و‌گوی ادیان تا ترجمه قرآن به فرانسه

https://iqna.ir/fa/news/4249959

captcha