Ба гузориши ИКНА, бар асоси таҳқиқоти маркази таҳлилии амрикоии Pew Research Center, дар солҳои охир шумори мусулмонон дар Амрико пайваста афзоиш ёфта, солона тақрибан 100 ҳазор нафар ба теъдоди мусулмонони ин кишвар илова мешавад.
Бар пояи эълони ин марказ, бахши зиёде аз ин афрод касоне ҳастанд, ки аз адёни дигар ба Ислом рӯ меоваранд. Дар миёни навмусулмонон, бештари онҳо пешинаи масеҳӣ доранд. Тақрибан нисфи онҳо (53%) пеш аз мусулмон шудан протестант будаанд. 20% дигарашон католик буда, ва тақрибан 19% эътироф кардаанд, ки қабл аз қабул кардани Ислом ҳеч дине надоштаанд.
Ҳамчунин, вақте аз навмусулмонон пурсида шуд, ки чаро Исломро қабул кардаанд, сабабҳои мухталифро зикр карданд. Ҳудуди як чаҳорум аз онҳо гуфтанд, ки эътиқод ё таълимоти Исломро бар дини қаблии худ бартар донистаанд. 21% изҳор доштанд, ки қабл аз қабули Ислом, матнҳои динӣ ва таълимоти исломиро мутолиа кардаанд. Баъзеҳо гуфтанд, ки мехоҳанд ба ҷомеаи динӣ шомил шаванд. Издивоҷ бо мусулмонон ва шиносоӣ бо Ислом тавассути дӯстони онҳо низ аз дигар сабабҳои Ислом овардан дар Амрико зикр шудааст.
Яке аз шахсиятҳои навмусулмон, Оиша Абдурраҳмон Бевлӣ (Aisha Abdurrahman Bewley) мебошад, ки матнҳои исломии зиёдро ба забони англисӣ тарҷума кардааст. Бевлӣ соли 1948 дар Амрико ба дунё омадааст.
Ҷустуҷӯи маънои ҳастӣ
Хонаводаи ӯ масеҳӣ буданд, аммо дар ниҳоят ҳис кард, ки масеҳият наметавонад рӯҳи ӯро қонеъ созад. Ӯ чандин сол ба омӯзиши таълимоти зен-буддизм пардохт. Дар ин замон, ӯ одат дошт, ки дар бораи фалсафаҳои гуногун мутолиа кунад ва китобҳои Нитше, Шопенҳоуэр, Кант ва Ҳегелро хонда, мекӯшид посухи саволе пайдо кунад, ки ӯро мафтун карда буд: Маънои вуҷуд доштани инсон дар рӯи замин чист?
Мутолиаи матнҳои исломӣ роҳро барои қабули Ислом ҳамвор кард ва соли 1968 ӯ ба ин дин рӯй овард. Пас аз он, вақте дарёфт, ки дунё он гуна, ки ба назар мерасад, доимӣ нест ва тафсири масеҳият ва зен-буддизм дар бораи ҳастиро қонеъкунанда наёфт, тамоми вақти худро барои муаррифии суннатҳо ва боварҳои исломӣ ба шунавандагони англисзабон сарф кард.
Хидмат дар тарҷумаи Қуръони Карим
Бо ҳамкории ҳамсараш, Бевлӣ соли 2009 Қуръони Каримро ба забони англисӣ тарҷума кард. Ин тарҷума бо унвони «Қуръони Карим: Тарҷумаи нави маъноҳои он ба забони англисӣ» (The Noble Qurʼan: A New Rendering of Its Meaning in English) нашр шуд ва аз тарафи шунавандагони англисзабон бо истиқболи гарме рӯ ба рӯ гардид.
Оиша Абдурраҳмон Бевлӣ, ки модари се фарзанд мебошад, беш аз панҷ даҳсола аз умри худро ба тарҷумаи матнҳои бузурги исломӣ бо равонтарин сабк сарф кардааст. Маркази салтанатии таҳқиқоти стратегии исломии Урдун (RISSC), ки ҳар сол рӯйхати 500 нафари таъсиргузортарини мусулмонони ҷаҳонро нашр мекунад, ӯро дар соли 2023 ҳамчун барҷастатарин зани мусулмон интихоб кард.