Ба гузориши ИКНА, торнамои Ал-Ҷазира дар як гузориш дар бораи нахустин динори тиллоии англисӣ, ки бо ин ибораҳои исломӣ оро дода шуда буд, сабабҳои ин иқдом ва шахсияти аввалине, ки ин динорро зарб кардааст, баррасӣ кардааст.
Дар ин гузориш таъкид шудааст, ки таърихи Ислом дар Аврупо решаҳои амиқ ва қадимӣ дорад. Оғози ин таърих ба замоне бармегардад, ки мусулмонон ба шарқ ва ғарби Аврупо сафар карданд. Дар шарқи Аврупо, ин тамос тавассути рӯёрӯии мусулмонон бо империяи Византия ва дар ғарб бо футуҳи Андалус ва вуруди онҳо ба шимоли Аврупо ва наздикшавӣ ба Париж, пойтахти Фаронса, сурат гирифт.
Шакиб Арсалон дар китоби худ «Таърихи ҷангҳои арабҳо дар Фаронса, Швейтсария, Италия ва ҷазираҳои баҳри Миёназамин» менависад, ки ҳузури мусулмонон дар ғарби Аврупо на танҳо ба Испания, Португалия ва Фаронса маҳдуд буд, балки дар қарнҳои аввалияи исломӣ то Швейтсария ва Италия низ расида буд.
Робитаҳои Ислом бо Ғарб на танҳо ҷанг ва задухӯрдҳо буданд, балки муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва дипломатӣ низ миёни онҳо вуҷуд доштанд. Ба туфайли шукуфоии илмӣ ва иқтисодӣ дар даврони Умавиён ва Аббосиён, тамаддуни исломӣ ба намунаи барҷаста барои кишварҳои ғарбӣ ва ҳатто Русия табдил ёфт.
Вил Дюрант дар Доиратул-маорифи худ менависад, ки дар тӯли панҷ қарн (700–1200 мелодӣ) Ислом дар қудрат, идоракунӣ, адаб ва ахлоқ, сатҳи зиндагӣ, қонунгузорӣ, таҳаммулпазирии динӣ, пажӯҳишҳои илмӣ, тиб ва фалсафа ҳукмронӣ мекард.
Бар асоси санадҳои таърихӣ, дар нисфи қарни XIX як динори тилло дар Рим кашф шуд, ки дар Британия зарб гардида буд. Дар ду тарафи он «Ло илоҳа иллаллоҳ» ва «Муҳаммадур Расулуллоҳ» навишта шуда буд.
Ҳарчанд таърихи зарби ин динор қарнҳо қабл сурат гирифтааст, аммо пас аз таҳқиқоти Адриан Лоу Ингенбриер, донишманди соҳаи тангашиносӣ, шӯҳрат пайдо кард.
Таҳқиқот нишон медиҳад, ки ин динор дар замони Оффа Рекс (Offa Rex) – яке аз подшоҳони Англия дар нимаи дуюми қарни VIII мелодӣ (тақрибан 1200 сол пеш) зарб шудааст.
Оффа Рекс аз англосаксонҳо буд ва яке аз шоҳони бузурги даврони худ ба ҳисоб мерафт. Вай қариб 40 сол (аз 757 то 796 мелодӣ) ҳукмронӣ кард ва Британияро муттаҳид намуда, худро подшоҳи тамоми Англия эълон намуд.
Оффа Рекс бо истифода аз тиҷорат ва сармоя ҳокимияти худро тақвият дод ва барои барқарор кардани муносибатҳои иқтисодӣ бо ҷаҳони Ислом, ки дар он замон дар авҷи қудрати худ қарор дошт, кӯшиш намуд.
Дар он даврон подшоҳони Аврупо барои тиҷорат бо мусулмонон ба сиккаҳои исломӣ ниёз доштанд, зеро кишварҳои исломӣ тангаҳои дорои тасвирҳои салибро қабул намекарданд. Аз ин рӯ, Оффа Рекс низ монанди халифагони Аббосӣ динорҳои тиллоӣ бо нақши исломӣ зарб намуд.
Дар рӯи ин динор навишта шудааст:
Гумон меравад, ки ин динор аввалин бор дар як музояда дар Рим пешниҳод шуда, эҳтимолан ҷузъи ҳадя ё хироҷи солонаи Оффа Рекс ба Попи Адриан I будааст.
Муносибати Оффа Рекс бо ҷаҳон Ислом ва зарби динори исломӣ дар Англия як намунаи равшани таъсири тамаддуни исломӣ ба Аврупо ва аҳамияти робитаҳои тиҷоратӣ дар таърих мебошад.