Маҳфили хатми Қуръон дар чорчуби дувумин давраи тарҳи "ҳофизони баргузида" баргузор мешавад ва давраи нахусти он соли гузашта ба ҳиммати хонаи Қуръон ва суннати набавии Навори Ғазза барпо ва мавриди истиқболи густурда қарор гирифт.
Наҷӣ Ал-Ҷаъфарови, мудири равобити умумӣ ва расонаи хонаи Ал-Ҷаъфарови аз марокизи муҳимми қуръонӣ дар Ғазза тасреҳ кард: "ҳофизони баргузида" як тарҳи роҳбурдии қуръонӣ аст, ки имсол дувумин давраи он баргузор мешавад.
Вай таъкид кард ин тарҳ имсол бо кайфияти мумтоз иҷро хоҳад шуд.
Ба гуфтаи Ал-Ҷаъфарови дар ин тарҳ шуморе аз ҳофизони Қуръон дар қолаби ду ҳалқаи занона ва мардона, дар як ҷаласа аз саҳар то ғуруби офтоб Қуръонро хатм мекунанд.
Нахустин давра аз тарҳи "ҳофизони баргузида" соли гузашта ва ба ҳиммати хонаи Қуръон ва суннати Ғазза бо ҳузури 581 зан ва марди ҳофизи Қуръони Карим баргузор шуд ва хабари баргузории он ба шакли густурда дар кишварҳои арабӣ ва исломӣ бозтоб ёфт.
Ал-Ҷаъфарови гуфт: бо роҳандозии давраи дувуми ин тарҳ, ҳудуди 3200 зан ва марди ҳофизи Қуръони Карим аз тариқи линки электроникӣ эълом шуда дар ибтидои тирмоҳи гузашта сабтном карданд ва сабтном дар ибтидои мурдод моҳи ҷорӣ поён ёфт.
Вай афзуд: пас аз анҷоми озмунҳои аввалияи 1471 нафар аз миёни ин ҳофизон барои ҳузур дар ҳалқаи хатми Қуръон дар як ҷаласа баргузида шуданд.
Ба гуфтаи Ал-Ҷаъфарови, маҷлиси хатми Қуръон дар нимаи моҳи ҷории мелодӣ дар масҷиди имом Шофеӣ барои мардон ва дар масҷиди Ал-тақво ва Фаластин барои занон баргузор хоҳад шуд.
Вай таъкид кард: ин тарҳ соли гузашта барои нахустин бор дар ҷаҳон дар Навори Ғазза иҷро шуд. 55 ҳазор зан ва марди ҳофизи Қуръони Карим дар Навори Ғазза зиндагӣ мекунанд.
https://iqna.ir/00HSeV