Ба гузориши ИКНА ба нақл аз Шабакаи Тавосул ал-ахбория, як кӯдаки мисрӣ, ки бини ва чашм надорад ва бе онҳо ба дунё омадааст, тавонистааст Қуръони Каримро ҳифз кунад.
Ӯ меҳмони барномаи «Яке аз мардум» дар шабакаи Ал-Ҳаёт дар Миср буд, ки онро Амр Ал-Лайсӣ, ровии машҳур, иҷро мекунад.
Муҳаммад гуфт, ки ёздаҳсола аст ва ба лутфи Худо ва кӯмакҳои падару модараш Қуръони Каримро ҳифз кардааст. Ӯ шарҳ дод, ки чанд хоҳар дорад ва Худоро барои мусибате, ки бар ӯ омадааст, шукр мекунад.
Ин кӯдаки нобиға афзуд, ки кӯшиш мекунад инсонест нек бошад ва ба кишвари худ ва дини худ хидмат кунад. Муҳаммад даҳ сол пеш, дар яксолагӣ низ меҳмони ҳамин барнома шуда буд. Ҳоло ӯ ҳофизи Қуръон шудааст ва аз истеъдод ва неъмати илоҳӣ бархурдор аст.
Ӯ дар ин барнома оятҳое аз Қуръони Карим қироат кард ва тавоноии худро дар тақлид аз маъруфтарин қориён нишон дод. Модараш дар барнома гуфт, ки ҳар кас Муҳаммадро медид, ҳайратзада мешуд. Фақат ҳафт мавриди чунин нуқсони ҷисмонӣ дар ҷаҳон вуҷуд дорад ва танҳо як маврид дар Миср ва Ховари Миёна.
Ӯ афзуд: «Ба сабаби шароити душвор ва инчунин бо назардошти ин ки бисёре аз табибон гуфта буданд, Муҳаммад беҳбуд намеёбад ва мемирад, ман ноумед шуда будам, аммо алҳамдулиллоҳ ӯ зинда монд ва Қуръонро ҳифз кард».
Модари Муҳаммад идома дод, ки писараш Қуръонро аз падараш ёд гирифтааст. Ӯ гуфт, ки чеҳраи Муҳаммад ва тарзи нигоҳи мардум ба ӯ боис мешуд ӯ ғамгин шавад, аммо Худо вазъро тағйир дод. Акнун мардум ӯро дӯст медоранд ва бо ӯ акс мегиранд. Модари Муҳаммад ба ҳамаи модарон паём дод, ки сабр кунанд, шукр намоянд ва ноумед нашаванд, зеро ин озмуне аз ҷониби Худо аст.
Муҳаммад дар ин барнома як порчаи мусиқӣ иҷро кард, ки байонӣ аз ҳиссиёти ӯ буд. Ӯ ҳамчунин чанд суруди мазҳабӣ хонд ва таронаеро дар ситоиши модараш иҷро намуд.