IQNA

Иштироки беш аз 21 миллион зоир дар Арбаини Ҳусайнӣ дар Ироқ

11:15 - August 17, 2025
рақами хабар: 3736
Мақомоти ироқӣ шумораи умумии зоирони Арбаини Ҳусайнӣ дар соли ҷориро 21 миллиону 103 ҳазору 524 зоир эълон кард.

тибқи гузориши мақомоти Ироқ, дар рӯзҳои Арбаини Ҳусайнӣ дар соли ҷорӣ 21 миллиону 103 ҳазору 524 зоир дар Ироқ ҳозир шуданд.

Омори зоирон дар соли гузашта 21 миллиону 480 ҳазору 525 зоир эълон шуда буд.

Мақомоти Ироқ барои ҳисоб кардани зоирони воридшуда ба шаҳри Карбало, тавассути роҳҳое ки зоирон тай мекунанд ба як системаи ҳисобкунии электронӣ бо асоси зеҳни сунъӣ (AI) такя кардааст.

Дар ҳамин ҳол, Кумитаи олии амниятии зиёратҳои миллионӣ дар Ироқ эълон кард: Ин кишвар дар маросими зиёрати Арбаини Ҳусайнӣ дар соли ҷорӣ, ғайр аз миллионҳо ироқӣ, аз беш аз 4 миллион зоир аз кишварҳои арабӣ ва хориҷӣ истиқбол кардааст.

tajikpress

captcha