IQNA

Таъкиди СММ бар нақзи қавонини байналмилалӣ дар Каронаи Бохтарӣ

14:21 - September 01, 2023
рақами хабар: 398
Як гузориши байналмилалии ҷадид баёнгари он аст, ки ишғолгарии режими саҳюнистӣ дар манотиқи Каронаи Бохтарии Фаластин нақзи ошкор ва фоҷеабори тамоми қавонину асноди байналмилалӣ аст.

Ба гузориши ИКНО ба нақл аз маркази иттилоърасонии Фаластин, гузориши мунташиршуда тавассути “Кумитаи ҳуқуқи мардуми Фаластин” вобаста ба Созмони Милали Муттаҳид режими саҳюнистиро ба ақибнишинии фаврӣ ва бидуни пешшарт аз Каронаи Бохтарӣ даъват кард.

Бар асоси ин гузориши солона, ишғолгарон ба сурати мутааддид стандартҳои мавҷуд бар асоси қавонини байналмилалӣ дар хусуси вафодорӣ ба шурути ишғолгарии ғайри қонуниро нақз кардаанд, ки аз ҷумлаи онҳо илҳоқи бахше аз заминҳои Каронаи Бохтарӣ, нақзи ҳуқуқи башари мардуми таҳти ишғол ва иқдом барои табъизи нажодӣ мебошад.

Майкл Линк, гузоришгари вижаи собиқи СММ дар умури Фаластин дар суханронии худ дар баробари ин кумита гуфт: Исроил тамоми ин қавонинро қотеъона нақз карда ва наҳваи мудирияти ин ишғолгарии ғайри қонунӣ шудааст.

Пойгоҳи хабарии инглисии “Middle East Eye” ба нақл аз вай афзуд: аз он ҷиҳат, ки ин ишғолгарӣ ғайри қонунӣ аст паёмадҳои он бояд ақибнишинии комил, фаврӣ ва бидуни пешшарти неруҳои низомии Исроил, хуруҷи шаҳракнишинони истеъморгар, лағви тамоми қавонини нажодпарастона дар Карона Бохтарӣ бошад.

Ин гузориш таъкид дорад режими саҳюнистӣ аз соли 1967 Каронаи Бохтариро ба ишғоли худ дароварда ва дар соли 1980 низ иқдом ба илҳоқи Қудси Шарқӣ кардааст.

Дар бахши дигаре аз ин гузориш таъкид шудааст давлати ифротӣ ва ростгарои Бенямин Нетаняҳу ба тавсеаи лоиҳаҳои шаҳраксозӣ дар Каронаи Бохтарӣ идома дода ва тамоми тавофуқоти байналмилалии мухолиф бо тавсеаи шаҳраксозӣ дар манотиқи ишғолии фаластиниро нодида гирифтааст.

Ин кумитаи байналмилалӣ таъкид кард: рафтори Исроил дар идораи манотиқи ишғолии Фаластин, ки ишғолгарии баландмуддат ва сиёсатҳову барномарезӣ барои шаҳраксозӣ аз вижагиҳои он аст ба таври комил баёнгари нақзи ҳаққи таъини сарнавишти сокинони фаластинии ин манотиқ аст.

Ин баёния дар поён ҳушдор дод: Исроил заминҳои ишғолии фаластиниро дар сояи як низоми нажодпарастонаи сохторманду тафкики нажодӣ идора мекунад ва ин ба маънои вуҷуди хатароти зиёд барои фаластиниёни сокини ин манотиқ аст.

captcha