Ба гузориши ИКНО ба нақл аз Қоҳира 24, Абду соҳиби кучактарин Қуръон дар Миср дар суханоне перомуни ин Қуръон тасреҳ кард, ки ин китоб аз падараш ба ӯ ба ирс расидааст.
Абду Юсуф дар суханоне тасреҳ кард, ки ин Қуръонро падаркалони ӯ дар ҷараёни сафари ҳаҷҷи худ аз сарзамини Ҳиҷоз овардааст, ки дар идома ба падараш ва сипас ба ӯ ба ирс расидааст.
Ин Қуръон бо тӯли 19 мили метр ва арзи 15 мили метр кучактарин Қуръон дар Миср ба ҳисоб меояд ва китобати он дар Туркия анҷом шудааст.
Соҳиби кучактарин Қуръони Миср бо баёни инки падараш ӯро ба нигаҳдорӣ аз ин китоб тавсия кардааст, хотирнишон кард замоне, ки барои кор ба кишварҳои арабии ҳавзаи Халиҷи Форс сафар кард, ба ӯ пешниҳод шудааст, ки ин Қуръонро дар баробари чандин ҳазор поунди Миср бифурӯшад, ки вай розӣ ба анҷоми ин кор нашудааст.
4166556