
Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-аҳд», Ҳизбуллоҳ дар пайи эълони сафари наздики Поп Леои Чордаҳум ба Лубнон, дар номае расмӣ ба ӯ изҳор дошт, ки Лубнон сарзамини гуногунрангии мазҳабиву фарҳангӣ мебошад; кишварие, ки ба гуфтаи Поп Юҳанно Павели Дувум, “паём барои ҷаҳон” ва намунаи ҳамзистии динҳо ва инсонҳост.
Дар ин нома таъкид шудааст, ки эҳтиром ба инсон ва ҳуқуқи ӯ танҳо ба афрод маҳдуд намешавад, балки миллатҳоро низ дар бар мегирад. Бетаваҷҷӯҳии баъзе қудратҳо ба ҳуқуқи миллатҳои дигар, маншаи бисёр ҷангҳо ва буҳронҳое шудааст, ки ҷаҳони имрӯз бо онҳо рӯбарӯст.
Ҳизбуллоҳ дар идома, бо ишора ба рӯйдодҳои ду соли охири Ғазза, онҳоро “куштори муназзам ва барномарезишуда” номид ва таъкид кард, ки ранҷи мардуми Фаластин натиҷаи поймол шудани ҳаққи онҳо дар замин, хона ва сарнавишташон аз ҷониби ишғолгарони саҳҳюнист ва низоми ноодилонаи байналмилалист.
Ин ҳаракат ҳамчунин ба идомаи таҷовузҳои режими саҳҳюнистӣ дар Лубнон ишора карда, гуфт, ки ҳадафи ин амалҳо тасарруфи манобеи табиӣ, обу гази Лубнон ва таҳмил кардани хостҳои сиёсӣ ва амниятӣ ба мардуми кишвар аст.
Дар бахши дигаре аз нома омадааст: режими саҳҳюнистӣ бо пуштибонии баъзе қудратҳои бузург ҳуқуқи мардумони минтақаро сарфи назар мекунад ва амнияту суботи онҳоро таҳдид менамояд.
Ҳизбуллоҳ дар қисми дигари ин нома таъкид кард:
«Мо ба ҳамзистии муштарак, ҳифзи оромии дохилӣ ва ҳимоят аз ҳокимияти миллӣ пойбандем ва дар паҳлуи мардум ва нерӯҳои муҳофизи кишвар, бо ҳар гуна ишғол ва таҷовуз мубориза хоҳем бурд.»
Дар поён, Ҳизбуллоҳ хитоб ба Поп Леои Чордаҳум изҳор дошт, ки интизор меравад мавқеъҳои ӯ дар ҳимоят аз адолат, сулҳ, озодӣ ва дифоъ аз инсон дар муқобили ситам, равшан ва таъсиргузор бошад.
Поп Леои Чордаҳум, ки феълан дар Туркия қарор дорад, қарор аст фардо (якшанбе) вориди Лубнон шавад.
Боздид аз раҳбарони сиёсиву мазҳабӣ, баррасии вазъи иҷтимоиву динии Лубнон ва таъкид бар зарурати поён додани даргириҳо дар Ховари Миёна аз меҳварҳои асосии сафари ӯ ба Бейрут гуфта мешавад.
4319864