
Муштаққоти решаи «ға-фа-ра» дар Қуръон 234 бор ба шаклҳои гуногуни сарфӣ омадааст. Танҳо дар ҳафт ҷо ба дархости мағфират ташвиқ шудааст. Худованди Мутаъол низ 91 бор бо сифати «Ғафур», панҷ бор бо сифати «Ғаффор» ва як бор бо сифати «Ғофир» зикр гардидааст. Ин густардагии васфи мағфират дар бархӯрди Худо бо хатокорон нишондиҳандаи раҳмат ва меҳрубонии илоҳӣ мебошад.
Гарчанде мағфират ба маънои пӯшондан аст, аммо пинҳонсозӣ ва пӯшондани гуноҳ аз ҷониби Худованд на танҳо аз гузашт ва афви инсонӣ фарқ мекунад, балки бо он ҳеҷ гуна қобили қиёс нест. Инсон ҳангоми бахшидани дигарон танҳо аз гуноҳи онҳо чашм мепӯшад, аммо ҳақиқати гуноҳ боқӣ мемонад ва чун нопокӣ бар дилу ҷисми ӯ нишаст мекунад:
«رَانَ عَلَى قُلُوبِهِمْ مَا كَانُوا يَكْسِبُونَ»
(Мутаффифин: 14). Пӯшонидани Худованди Мутаъол ба маънои аз миён бурдани асарҳо ва пайомадҳои гуноҳ аст.
Пӯшондан ва мағфирати илоҳӣ олитарин навъи бахшоиш мебошад ва болотар аз ҳар тасаввур аст, ки танҳо аз Довари ҷаҳон бармеояд. Дар баъзе ҳолатҳо ин пӯшонидан ба марҳилае мерасад, ки гуноҳон ба корҳои нек табдил меёбанд. Чунонки Худованди Мутаъол дар бораи касоне, ки гуноҳони бузург содир кардаанд ва лоиқи азоби дукарата ҳастанд, мефармояд:
«إِلَّا مَنْ تَابَ وَ آمَنَ وَ عَمِلَ عَمَلًا صَالِحًا فَأُولَئِكَ يُبَدِّلُ اللَّهُ سَيِّئَاتِهِمْ حَسَنَاتٍ وَ كَانَ اللَّهُ غَفُورًا رَحِيمًا»
«Ҷуз касе, ки тавба кунад ва имон оварад ва кори шоиста анҷом диҳад, пас Худо гуноҳони онҳоро ба некӣ табдил мекунад ва Худо ҳамеша Ғафуру Раҳим аст» (Фурқон: 70).
3495216