IQNA

Интиқод аз маҳдуд шудани озодиҳои динӣ дар Канада

8:09 - December 16, 2025
рақами хабар: 4222
Лоиҳаи қонуни давлати Канада барои маҳдуд сохтани озодиҳои динӣ боиси баҳс ва ҷанҷоли густарда гардидааст.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-Қудс ал-Арабӣ», лоиҳаи нави қонун, ки аз ҷониби давлати Канада ба Маҷлиси намояндагон (порлумони федералӣ) пешниҳод шудааст, ба далели паёмадҳои эҳтимолии оянда ва таъсири манфии он бар ҳуқуқу озодиҳои сиёсӣ ва мазҳабӣ, ҳамчунин бар озодии ақида ва баён, вокунишҳои густардаеро дар доираҳои сиёсӣ, динӣ ва ҳуқуқи башар барангехтааст. Ин лоиҳа ҳамчунин таваҷҷуҳи қобили мулоҳизаи расонаҳоро ба худ ҷалб кардааст.

Лоиҳаи нави давлати Канада бо унвони «Қонуни ҷиноятҳои баромада аз нафрат (C-9)» бо ворид намудани маводи ҳуқуқии нав, ки тарғиби нафрат бо истифода аз рамзҳои диниро ҷиноят мешуморад, қасд дорад қонунҳоро алайҳи он чи «ҷиноятҳои баромада аз нафрат» номида мешавад, тақвият бахшад.

Ин лоиҳа ҳамчунин унсури нафратпароканиро ҳамчун омили шадидкунанда дар ҳукмҳои додгоҳӣ илова мекунад ва шомили маводе аст, ки таҳдид ё монеъ шудан ба иҷрои адолат дар наздикии маконҳои ҳассос, монанди ибодатгоҳҳо,ро ҷиноят мешуморад.

Ин лоиҳа пас аз афзоиши фаъолиятҳои зиддидолатӣ дар панҷ соли ахир дар Канада, ба вижа дар мавриди масъалаҳои ҳассосе чун озодиҳои динӣ, озодии ақида ва баёни назар дар бораи масоили иқтисодӣ ва сиёсӣ, аз ҷумла масъалаи Фаластин ва мухолифат бо сиёсатҳои давлат дар бораи ҳамҷинсгароӣ, пешниҳод шудааст.

Давлат натавонистааст фаъолияти рӯзафзуни ин ҷунбишҳоро маҳор кунад ва ҳоло талош дорад тавассути ин қонун, ки ба давлат ҳаққи саркӯби чунин фаъолиятҳо ва маҳдуд кардани озодиҳои афроди даргирро медиҳад, онҳоро маҳдуд созад.

Таҳлилгарони сиёсӣ ва ҳуқуқи башар бар ин боваранд, ки ҷанбаи баҳсбарангези ин лоиҳа дар иқтидори он барои маҳдуд кардани озодии ақида ва баён ва ҳамсон сохтани озодиҳо танҳо бо сиёсатҳои давлат, ба вижа дар заминаи изҳори ақидаҳои динӣ, ниҳон аст.

Мунтақидон, аз ҷумла гурӯҳҳои мудофеи озодиҳои шаҳрвандӣ ва динӣ, бар ин назаранд, ки ин лоиҳа хатари ҷиноят шуморидани баҳсҳои диниро дар пай дорад, дар ҳоле ки ҳомиёни он ин иқдомро амале зарурӣ барои мубориза бо нафратпарокании рӯзафзун дар ҷомеаи бисёрқавмӣ ва бисёрмазҳабии Канада медонанд.

4322874

Тегҳо: Канада
captcha