Шукргузорӣ яке аз арзишҳои бунёдии фарҳанги исломӣ аст, ки на танҳо дар робита бо Худо, балки дар муносибатҳои инсонӣ низ ҷойгоҳи хос дорад. Имом Зайналобиддин, писари Имом Ҳусайн ва набераи Паёмбармон Муҳаммад(с) дар як ҳадис мегӯяд: «Худо рӯзи қиёмат ба банда мегӯяд: Оё ту аз фалонӣ шукргузорӣ кардӣ?» Банда ҷавоб медиҳад: Эй Парвардигор, ман танҳо аз ту шукргузорӣ кардам. Худо мегӯяд: Азбаски ту аз ӯ шукргузорӣ накардӣ, дар асл, ту аз ман низ шукргузорӣ накардӣ».
Ин ривоят робитаи амиқеро байни миннатдорӣ ба одамон ва миннатдорӣ ба Худо муқаррар мекунад. Дар асл, неъматҳое, ки ба мо меоянд, аксар вақт тавассути дигарон; волидон, дӯстон, муаллимон, ҳамкорон ва ҳатто одамони номаълуме, ки ба мо дар роҳи зиндагӣ кӯмак мекунанд, ҷорӣ мешаванд. Агар мо онҳоро қадр накунем, дар асл мо миёнаравони файзи Худоро нодида гирифтаем ва ин бепарвоӣ як навъ ношукрӣ ба Худо ҳисобида мешавад.
Шукргузорӣ ба дигарон на танҳо нишонаи одоб ва ахлоқ аст, балки муносибатҳои иҷтимоиро тақвият медиҳад, муҳаббатро афзоиш медиҳад ва рӯҳияи ҳамкорӣ дар ҷомеаро паҳн мекунад. Аз тарафи дигар, шукргузорӣ аз Худо низ аз ин рафторҳои хурди ҳаррӯза вобаста аст, зеро Худо неъматҳои Худро тавассути бандагонаш ба мо мерасонад.
Манбаъи ҳадис: یقولُ اللّه ُ تبارکَ و تعالى لِعبدٍ مِن عَبِیدِهِ یَومَ القِیامَةِ : أ شَکَرتَ فُلانا ؟ فیقولُ : بَل شَکَرتُکَ یا ربِّ ، فیقولُ : لَم تَشکُرْنی إذ لَم تَشکُرْهُ .[الکافی : 2/99/30 .]
parstoday