IQNA

Моҷарои тиловати мондагори Абдулбосит дар Ҳарами Имомайни Козимайн (а)

1:48 - December 03, 2025
рақами хабар: 4179
Яке аз лаҳзаҳои мондагори Қуръонӣ дар ҷаҳон Ислом, тиловати таърихии Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад дар Ҳарами мубораки Имомайни Козимайн (а) дар соли 1956 мебошад.

Ба гузориши ИҚНО, дар солҳое, ки Ироқ дар оромии расмӣ буд, рӯзҳое фаро расид, ки таърихи овоз ва лаҳҷаи Қуръонро барои ҳамеша тағйир дод. Рӯзи, ки «Абдулбосит Муҳаммад Абдуссамад», афсонаи такрорнашаванда дар тиловат, қадам дар саҳни нурафшони Ҳарами Имом Мусоӣ Козим (а) гузошт; ҳамин лаҳза, ки гӯё осмони Козимайн барои шунидани овози ӯ нафасро дар синаи худ ҳабс кардааст.

Ҳавои Ҳарам бо бӯи атри зоирон омехта буд, нурҳои чароғҳо рӯи зариҳ меларзид ва замзамаи зиёрат дар ҳаво мепечид. Ҳамон лаҳза, ҷамъият нигоҳҳояшон ба як тараф гардид; марди ҷавон бо симои ором ва нигоҳи осмони ба саҳна даромад. Устод Абдулбосит пас аз ифои эҳтиром, баромад дар пеши зареҳи муқаддас истод, чашмонашро барҳам гузошт ва як лаҳза сукут кард; сукуте, ки пешгуфтори яке аз таловати барозандатарин дар таърих буд.

Вақте аввали оятҳо аз гулӯйи тилоиаш ҷорӣ шуд, Ҳарам якбора дигаргун шуд. Лаҳҷаи беназираш дар ҳаво печид ва тавзеъи саҳнаҳои қадимӣ ҳар оятро ҳазор баробар зинда мекард. Зоирон беихтиёр гиря мекарданд, баъзеҳо даст бар сина гузошта буданд ва баъзеҳо ором нишаста, дар тиловат ғарқ шуда буданд. Гӯё ин овоз на танҳо дар гӯшҳо, балки дар рӯҳҳо низ нозил мешуд.

Тиловати Абдулбосит аз оятҳои 18 то охири сураи Ҳашр, сураи Таквир ва 27 то охири сураи Фаҷр дар Ҳарами Имом Козим (а) танҳо як иҷрои ҳунарӣ набуд. Он як мукошифа буд, як мулоқоти маънавӣ. Тиловате, ки дар ҳузури устодон, чун Абулъайнин Шаишаъ ва Абдулфаттоҳ Шашоъӣ ва дар ҷавори саҳни Имом Мусои Козим (а) анҷом ёфт.

Овозе, ки Абдулбосит барои ёдоварӣ оятҳоро зинда мекард. Ҳар таҳрир, ҳар вақф, ҳар баландӣ ва пастӣ, монанди насиме буд бар хати нуронии он Имоми мазлум. Ҳатто нигаҳбонон ва хидматгорони Ҳарам дар он лаҳзаҳо аз ҳаракат истоданд; ҳеҷ кас намехост як лаҳзаи ин тиловати маънавиро аз даст диҳад.

Ин тиловати таърихӣ, фаротар аз замон ва макон, ба нишонае аз муҳаббат ба Аҳли байт (а) дар дилҳои бузургтарин қори Қуръон дар ҷаҳон табдил ёфт; муҳаббат, ки худи устод бар маротиб зиёд ба он ишора карда буд. Ӯ он рӯз оятҳоро ба шевае хонд, ки гӯё дар ҳузури фариштагон нишаста бошад.

Ҳоло, баъд аз солҳо, дар рӯзи ёдбуди ин нобиғаи беназир, он овоз ҳанӯз зинда аст. Ҳар вақте, ки тиловати ӯ дар Ҳарами Имом Козим (а) пахш мешавад, гӯё боз Бағдод онро зинда мекунад ва моро ба сафаре мебарад миёни ашк, шодӣ ва оятҳои осмонӣ.

Абдулбосит рафт, аммо овози ӯ дар таърих ҷовидона шуд. Овози, ки дар дили Ҳарами Козимайн барои ҳамеша нақш баст.

Қории афсонавии Қуръон дар соли 1927 (1306 ҳ.ш) дар Миср ба дунё омада, дар 30 ноябри 1988 (1367 ҳ.ш) чашм аз ҷаҳон фурӯ баст.

4320214

код
captcha