IQNA

Қадрдонӣ аз 44 фарзанди шаҳиди ҳофизи Қуръон дар Ғазза

8:18 - December 16, 2025
рақами хабар: 4223
Дар маросиме дар Ғазза, 44 фарзанди шаҳид ба хотири ҳифзи Қуръон мавриди қадрдонӣ қарор гирифтанд.

Ба гузориши «ИҚНО» ба нақл аз «Ал-Ҷазира», дар барномае бо унвони «Фарзандони пешгом» 44 фарзанди шаҳид дар Ғазза ба сабаби ҳифзи Қуръон қадрдонӣ шуданд.

Ин тарҳ бо ҳадафи ҷуброни аз даст додани падар барои ин кӯдакон ва бо фароҳам овардани муҳити омӯзишӣ ва тарбиявӣ, барои нахустин бор дар Навори Ғазза иҷро гардид.

Маросим дар урдугоҳи паноҳандагони Ал-Бурейҷ, дар маркази Навори Ғазза, пас аз ба поён расидани ҳифзи Қуръони Карим аз ҷониби ин кӯдакон баргузор шуд.

Дар ин маросим хонаводаҳои кӯдакон, ҳамчунин гурӯҳе аз сарпарастон ва омӯзгорон ширкат доштанд. Барнома шомили бахшҳои динӣ ва таълимӣ, аз қабили қироати Қуръон ва намоишҳои театрӣ буд, ки дар онҳо кӯдакон таҷрибаи худро аз ҳифзи Қуръон, ҳамчунин омӯзиши зиндагиномаи Паёмбар ва арзишҳои исломӣ ба тасвир кашиданд.

Ташкилкунандагони тарҳ таъйид карданд, ки ин барнома бо вуҷуди шароити душвори амниятӣ, чаҳор моҳ идома ёфт. Ин тарҳ бар омӯзиши Қуръони Карим, аз ҷумла қироат ва тафсир, ҳамроҳ бо сирати Паёмбар ва ахлоқи исломӣ тамаркуз дошт ва ҳадафи он тарбияи фарзандони шуҳадо бар пояҳои устувори динӣ ва тарбиявӣ буд.

Масъулон таъкид карданд, ки ин тарҳ зери назари омӯзгорони зани мутахассис иҷро мешавад ва бо фароҳам сохтани муҳити омӯзишӣ-тарбиявӣ, ки ба сохтани насли огоҳ ва пойбанд ба арзишҳо ва ҳувияти худ кӯмак мекунад, дар пайи ҷуброни набуди падар барои фарзандон аст.

Дар поёни маросим, аз кӯдаконе, ки Қуръони Каримро ҳифз карда буданд, дар фазое маънавӣ ва шод қадрдонӣ ба амал омад. Ҳамчунин аз ҳамаи созмонҳои ҳомӣ ва дастандаркорони ин тарҳ қадрдонӣ шуд ва ҳозирин дуо карданд, ки ин кӯдакон ҳомилони Қуръон ва раҳбарони оянда гарданд.

Исроил дар ҷанги Ғазза бо ҳимояти Амрико даст ба наслкушии бесобиқае зад, ки дар натиҷаи он беш аз 70 ҳазор фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва зиёда аз 171 ҳазор нафар маҷрӯҳ шуданд, ки аксари онҳо кӯдакон ва занон мебошанд.

Ин ҷанг харобиҳои густардае ба бор овард ва Созмони Милали Муттаҳид ҳазинаи бозсозии ин минтақаро тақрибан 70 миллиард доллар баровард кардааст.

4322946

captcha