
Дар аҳаммияти ин таъсири истиғфор ҳамин кофист, ки агар инсон бо бахшида шудани гуноҳҳо аз оташи ҷаҳаннам раҳоӣ ёбад, ба растагории ҷовидона ва наҷот расидааст:
«فَمَنْ زُحْزِحَ عَنِ النَّارِ وَ أُدْخِلَ الْجَنَّةَ فَقَدْ فَازَ؛»
онҳое ки аз оташ (дӯзах) дур гардонида шуда, ба биҳишт дохил мешаванд, ба наҷот ва растагорӣ расидаанд (Оли Имрон: 185).
Оятҳои зиёде ба омурзида шудани гуноҳҳо бар асари истиғфор ишора доранд; масалан, дар сураи Оли Имрон ба шитоб кардан ба сӯи мағфират ва биҳишти беканор даъват шудааст (Оли Имрон: 133). Сипас, баъд аз ишора ба баъзе аъмоли нек мефармояд:
«الَّذِينَ يُنْفِقُونَ فِي السَّرَّاءِ وَالضَّرَّاءِ وَالْكَاظِمِينَ الْغَيْظَ وَالْعَافِينَ عَنِ النَّاسِ وَاللَّهُ يُحِبُّ الْمُحْسِنِينَ»
(Оли Имрон: 134).
Ин оят нишон медиҳад, ки садақа додан дар ҳолати тангдастӣ ё фаровонӣ, фурӯ бурдани хашм, бахшидани хатогиҳои мардум ва некӣ кардан ба онҳо дар бахшида шудани гуноҳҳо таъсир дорад.
Дар идома мефармояд:
«وَ الَّذِينَ إِذَا فَعَلُواْ فَاحِشَةً أَوْ ظَلَمُواْ أَنْفُسَهُمْ ذَكَرُواْ اللّهَ فَاسْتَغْفَرُواْ لِذُنُوبِهِمْ وَ مَن يَغْفِرُ الذُّنُوبَ إِلاَّ اللّهُ وَ لَمْ يُصِرُّواْ عَلَى مَا فَعَلُواْ وَ هُمْ يَعْلَمُونَ؛ »
ва онҳое ки ҳар гоҳ кори зишт анҷом диҳанд ё ба худ ситам кунанд, Худоро ба ёд меоранд ва барои гуноҳҳои худ талаби омурзиш менамоянд — ва кӣ ҷуз Худо гуноҳҳоро мебахшад? — ва бо донистан бар кори худ пофишорӣ намекунанд (Оли Имрон: 135).
Дар ин оят барои истиғфор шартҳое зикр шудааст, ки дар бахшида шудани гуноҳҳо таъсир доранд.
Дар ояти баъдӣ, ҳамоҳанг бо ояти оғозин (Оли Имрон: 133), ду подош ёд мешавад, ки нахустини он омурзиши гуноҳҳост:
«أُولَئِكَ جَزَاؤُهُمْ مَغْفِرَةٌ مِنْ رَبِّهِمْ وَجَنَّاتٌ تَجْرِي مِنْ تَحْتِهَا الْأَنْهَارُ خَالِدِينَ فِيهَا وَ نِعْمَ أَجْرُ الْعَامِلِينَ»
(Оли Имрон: 136).
Ибораи ин оят нишон медиҳад, ки истиғфор амале ба шумор меравад ва танҳо зикри дилӣ ё забонӣ нест.
3495276