Роҳпаймоии Арбаин, ки дар солҳои ахир ба суръат бошукӯҳ баргузор мешавад, ба унвони як падидаи сиёсӣ иҷтимоӣ, тавваҷуҳи андешмандону пажӯҳишгарони ҷаҳонро ба худ ҷалб кардааст.
Як андешманди инглисӣ мегӯяд агар шефтагони Эмом Ҳусайн (а) дар саросари ҷаҳон даст ба дасти ҳам диҳанд ва ба “неруи воқеӣ” барои тағйири вазъияти назми ҷаҳонӣ табдил шаванд, роҳпаймоии солонаи Арбаин метавонад муқаддимае барои як таҳаввули комили ҷаҳонӣ бошад.
Ребекка Мастертон дар гуфтугӯ бо ИКНО дар посух ба ин савол, ки ҳар сола миллионҳо нафар аз саросари ҷаҳон ба муносибати Арбаин пиёдаравии даҳҳо километрӣ анҷом медиҳанд бардошти шумо аз ин зиёрат чист? гуфт: пиёдаравӣ аз Наҷаф то Карбало, аз замони суқути Саддом Ҳусайн, барои бисёре нишонаи иродати Худо ва пайравӣ аз ҳазрати Муҳамад (с) ва аҳли байти Ӯ табдил шудааст. Ин оин ба тадриҷ тавассути расонаҳои хабарӣ ва чеҳраҳои таъсиргузор ва ҷаҳонгардони ғарбӣ бештар шиносонда мешавад.
Вай дар посух ба ин савол, ки пиёдаравии Арбаин бузургтарин иҷтимои солонаи мусолиматомез аст, ки дар воқеъ нишонаи эътироз ба ҳамаи шаклҳои терроризм, фашизм, империализм, истибдод ва зулм аст; Арбаин ба мусулмонон чӣ меомӯзад? гуфт: наметавон дар иродати ҳамагон ҳатто касоне, ки тавони молӣ надоранд ба хонадони Паёмбари Акрам (с) шак кард. Пиру ҷавон ба Эмом Ҳусайн (а) ишқ меварзанд ва ба фидокориҳое, ки Ӯ кардааст эҳтиром мегузоранд. Арбаин теъдоди билқувваи афроди фидокореро нишон медиҳад, ки агар омӯзиш, ҳимоят ва созмондиҳии беҳтаре дошта бошанд, метавонанд ба неруи азиме барои таҳаввули ҷаҳонӣ табдил шаванд.
4166712