IQNA

Таъмири Қуръон; рамзи муқовимат дар миёни вайронаҳои Ғазза

14:13 - July 13, 2026
рақами хабар: 4815
Ҷамил Миқдод, марди 71-солаи фаластинӣ, дар шаҳри Ғазза миёни харобаҳои ҷанг ба таъмири нусхаҳои Қуръони карим машғул аст. Ҳар Қуръоне, ки ӯ дубора эҳё мекунад, пирӯзии хурде бар ҷангест, ки тамоми паҳлуҳои зиндагиро дар Навори Ғазза зери таъсири худ қарор додааст.

Ба гузориши икно бо истинод ба «Фаластин Онлайн», дар яке аз маҳаллаҳои шаҳри Ғазза Ҷамил Миқдоди 71-сола ҳар субҳ пушти мизи хурди чӯбини худ, ки атрофашро даҳҳо нусхаи куҳнаи Қуръон фаро гирифтааст, менишинад. Бархе аз ин Қуръонҳо бар асари ҷанг пора шудаанд ва бархеи дигар аз истифодаи тӯлонӣ фарсуда гардидаанд.

Дар канори ӯ қайчӣ, арраи хурд, зарфҳои ширеш ва пораҳои картони ғафс дар андозаҳои гуногун гузошта шудаанд. Ин ҷо танҳо як коргоҳи оддии таъмири китоб нест, балки паноҳгоҳи ороме барои муқовимат ба вайрониҳои ҷанг мебошад. Дар ин ҷо саҳифаҳои пора-порашуда ба достони истодагӣ ва пойдорӣ табдил меёбанд ва ҳар нусхае, ки Ҷамил дубора эҳё мекунад, пирӯзии хурде бар ҷангест, ки тамоми ҷанбаҳои зиндагии сокинони Навори Ғаззаро зери таъсир қарор додааст.

45 соли фаъолияти ҷилдсозӣ

Миқдод, ки дар урдугоҳи паноҳандагони «Аш-Шотӣ» (Соҳил) дар ғарби шаҳри Ғазза ба дунё омада ва ба воя расидааст, беш аз 45 сол дар соҳаи ҷилдсозии китоб таҷриба дорад. Пеш аз ҷанг соҳиби китобфурӯшӣ ва чопхона буд, ки зиндагии худ ва фарзандонашро аз он таъмин мекард. Аммо бо оғози ҷанг, мавҷи вайронгарӣ тамоми дастранҷи солҳои зиёди ӯро ба тӯдаи харобаҳо табдил дод.

Бо сабаби баста будани гузаргоҳҳои марзӣ ва нарасидани нусхаҳои нави Қуръон дар Навори Ғазза, Ҷамил худро дар назди рисолати дигаре дид: ҳифз ва таъмири нусхаҳои мавҷуда, то онҳо барои қироат қобили истифода боқӣ монанд.

Ӯ ҳар рӯз кори худро ба ҳамон тарзи ҳамешагӣ оғоз мекунад: нусхаҳои Қуръонеро, ки дар натиҷаи бомбаборон ё истифодаи пайваста муқоваашон осеб дида ё саҳифаҳои онҳо пора шудаанд, пеши рӯяш мегузорад. Сипас саҳифаҳоро ба тартиб медарорад, андозаи муносиб барои муқоваро муайян мекунад ва пеш аз ширешкорӣ ва сохтани муқоваи нав аз картони мустаҳкам, онҳоро бо даст медӯзад.

Кӯшиш барои ба даст овардани ризои Худованд

Ӯ мегӯяд:

«Нусхаҳои боқимондаи Қуръонро аз хона ва китобхонаи худ берун овардам; нусхаҳое, ки аз таркиши тирҳои ҷангӣ пора-пора шуда ва бар асари ҷанг фарсуда гардида буданд. Онҳоро рӯи мизи хурдам гузоштам ва танҳо барои ризои Худо ба таъмирашон шурӯъ кардам, бе он ки музде бигирам ё интизор дошта бошам, ки ин кор ба хизмате табдил ёбад, ки мардумро ба назди ман оварад.»

Ӯ меафзояд:

«Бо гузашти вақт, ҳамсояҳо низ нусхаҳои Қуръони худро оварданд ва масҷидҳо даҳҳо ҷилди осебдидаи Қуръонро, ки дар ҷанг зарар дида буданд, барои ман фиристоданд. То ҷое ки он мизи оддӣ ба коргоҳе табдил ёфт, ки ба Китоби Худо ҷони тоза мебахшад.»

Миқдод таъкид мекунад, ки ҳадафи асосии ӯ ҳифзи нусхаҳои Қуръон аз нобудшавӣ аст ва мегӯяд:

«Китоби Худо бояд ҳифз шавад, махсусан дар шароите ки бинобар баста будани гузаргоҳҳои марзӣ, имкони ворид кардани нусхаҳои нави Қуръон ба Ғазза вуҷуд надорад. Аз ин рӯ, мо ба ҷойи он ки иҷоза диҳем онҳо бар асари ҷанг аз байн раванд, ба таъмир ва бозсозии он чизе, ки вайрон шудааст, рӯ овардаем.»

Ҷамил, бо вуҷуди он ки аз рӯзи таваллуд дар пои рости худ маъюбият дорад ва аз пойи сунъӣ истифода мекунад, ҳар рӯз ба кори худ идома медиҳад, гарчанде вазъи ҷисмониаш имкони кори тӯлонӣ ва пайвастаро барои ӯ маҳдуд месозад.

4363362

captcha