IQNA

Изҳороти зидди Исломии сиёсатмадори фаронсавӣ дар бораи Карим Бензема

20:35 - September 26, 2023
рақами хабар: 503
Арабистон (ИКНА) Карим Бензема, бозикуни мусулмони тими футболи Ал-Иттиҳоди Арабистони Саудӣ дар маросими миллии рӯзи Арабистон, интиқоди раҳбари як ҳизби тундрави фаронсавиро дар пай доштааст.

Ба гузориши ин манбаъ, Карим Бензема, миллӣ пӯши собиқи фаронсавӣ ва ситораи бошгоҳи Ал-Иттиҳоди Ҷидаи Арабистон, бори дигар дар маърази интиқоди ростгароёни ифротии фаронсавӣ қарор гирифтааст. Ин бор дар паси заминаи интишори аксе бо либоси суннатии Арабистон, Ҷордан Барделла, раиси ҳизби рости ифротии «таҷаммӯъи миллӣ» ӯро муттаҳам кард, ки бо ин иқдом мураввиҷи паёми исломгароӣ аст. 

Ҷордан Барделла, ки меҳмони шабакаи BFMTV буд ва замоне, ки яке аз аъзои мизигирд аз ӯ дар бораи мавзеаш дар бораи зоҳири бозикуни бузурги фаронсавӣ (Карим Бензема) дар либоси суннатии Арабистони Саудӣ пурсид, посух дод: ӯ ба думболи сабки зиндагии исломӣ аст ва ба ҳамин хотир ҳам ба Арабистон рафт. Агар ҳамаи касоне, ки сабки зиндагии исломӣ мехостанд ҳамин корро мекарданд ва ба кишварҳои исломӣ мерафтанд, эҳтимолан Фаронса дар мавқеияти бисёр беҳтаре қарор мегирифт. 

Сипас муҷрии барнома аз ӯ пурсид, ки оё Карим Бенземаро танҳо ба хотири бозӣ дар Арабистон ва пӯшидани либоси суннатии ин кишвари исломгаро муаррифӣ мекунад?, ки Ҷордан Барделла, дар посух гуфт: бале, ман фикр мекунам ӯ яке аз ҳамроҳкунандагони идалогияи исломӣ аст, шояд яке аз бузургтарин бозикунони фаронсавӣ бошад, аммо ба аъмоли исломӣ одат кардааст.

Раиси ҳизби рости ифротии таҷаммӯъи миллӣ дар бахши дигаре аз суханони худ гуфт: бозӣ дар як кишвари мусулмон хуб аст, кишваре, ки дар онҷо дасти дуздонро қатъ мекунанд.

Изҳороти ин сиёсатмадори тундрави фаронсавӣ дар фазои маҷозӣ ҳам вокунишҳоеро дар пай дошт;

https://iqna.ir/fa/news/4171119

captcha