Ҳаштоду панҷумин сураи Қуръони Карим “Буруҷ” ном дорад. Ин сура бо 22 оят дар ҷузъи сиюми Қуръони Карим ҷой гирифтааст. Буруҷ, ки аз сураҳои макӣ аст, дар тартиби нузул бисту ҳафтумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Юуруҷ ҷамъи “бурҷ” ва ба маънои қасрҳо аст. Ин сураро ба ин муносибати “Буруҷ” меноманд, ки бо савганд ба осмон, ки ба унвони соҳиби бурҷҳо аз он ёд шуда, шурӯъ мешавад.
Ин оят ба қасрҳое дар осмон ва ё ҳар чизи баланд ва мушаххасе ишора дорад. Улуми ситорашиносии қадим, масири гардиши моҳонаи моҳ ва солонаи хуршедро ба давоздаҳ бахш тақсим карда, ки ҳар якро бурҷ меномиданд. Аммо бархе муфассирон иртиботи ин оятро ба назари ситорашиносони қадимӣ беиртибот донистаанд ва мӯътақиданд, ки буруҷ дар ин оят ба ҷойгоҳи ситорагон, ва на худи онҳо, ишора дорад.
Сураи Буруҷ бо савганд ба осмон ва рӯзи қиёмат ва таъкид бар воқеӣ ва ҳатмӣ будани он оғоз мешавад ва дар бораи саргузашти асҳоби “Ухдуд”, ки мӯъминонро меозурданд ва худ ҳалок шуданд сухан мегӯяд; Сипас ба сарнавишти мӯъминон, подоши онон дар рӯзи қиёмат ва сифот ва корҳои марбут ба Худованд мепардозад ва ба достони Фиръавн ва Самуд ва илми Худо ва тасаллути илмии Худованд бар корҳо ва ҳаракот ва нияти инсонҳо ва азамати Қуръон ишора мекунад.
Оёти чаҳорум то ҳаштуми сураи Буруҷ дар бораи асҳоби Ухдуд сухан мегӯяд. ”Ухдуд” ба маънои чоҳи бузург аст. Манзур аз ин вожа дар ин сура, чоҳҳое аст, ки пур аз оташ мешуд то мӯъминонро дар онҳо бияндозанд ва бисӯзонанд. Дар бораи инки ин моҷаро марбут ба чӣ замоне аст, байни муфассирон ва муваррихон ихтилоф вуҷуд дорад. Маъруфтарин назар он аст, ки ин достон марбут ба подшоҳи яҳудӣ дар сарзамини Яман аст. Ин подшоҳи яҳудӣ, масеҳиёни Наҷронро ба дини яҳуд даъват кард, аммо онҳо напазируфтанд. Барои ҳамин дастур дод то чоҳе пур аз оташ омода кунанд ва мӯъминони масеҳиро зинда зинда дар он бияндозанд. Қуръон дар бораи ин мӯъминон мегӯяд онҳо ҳеҷ гуноҳе анҷом надода буданд магар инки ба Худованд имон доштанд.
Худованд бо баёни ин намуна, мусулмононро ба доштани сабр ва истиқомат даъват мекунад ва ёдовар мешавад, ки гузаштагон низ мӯъминонро бисёр азият мекарданд ва ҳамеша миёни куфр ва имон даргирӣ вуҷуд дошт; Аммо билохира мӯъминон ба пирӯзӣ мерасанд ва дар охират, ба подоши имон ва корҳои нек, вориди биҳишт хоҳанд шуд ва бар акс, барои касоне, ки ба мардон ва занони мӯъмин азият мерасонанд ва тавба намекунанд, оташи сӯзони ҷаҳаннам омодааст.
Ҳамчунин дар ин сура ба “Лавҳи Маҳфуз” ишора шуда ва таъкид мекунад Қуръон дар Лавҳи Маҳфуз аст; Лавҳе, ки тамоми иттифоқоти дунё аз ибтидо то интиҳо, ҳамроҳ бо ҷузъиёти комил дар он сабт шудааст ва ба ҳеҷ ваҷҳ қобили тағйир ва дигаргунӣ нест.