Ҳаштоду ҳафтумин сураи Қуръони Карим “Аъло” ном дорад. Ин сура бо 19 оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. Аъло, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, ҳаштумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сураро барои ин “Аъло” номидаанд чаро, ки ин калима дар ояти аввал омадааст. Аъло ба маънои бартар, баланд ва болои ҳар чизе аст, ки яке аз сифатҳои Худованд аст.
Оёти ибтидоӣ сура, Паёмбар (с)-ро ба ҳамд ва ситоиши Худованд фаро мехонд ва сипас ҳафт сифат барои Худованд бармешумурад ва дар идома аз мӯъминони хошеъ ва кофирони шақӣ ва авомили саодат ва шақовати ин ду гурӯҳ сухан мегӯяд.
Мавзӯъи аслии сураи Аъло тавҳид ва таъкид бар ҷойгоҳи бартари зоти илоҳӣ ва низ ваъдаҳои Худованд дар бораи Паёмбар аст. Ҳамчунин ин сура дорои ду бахш аст; Бахши аввал сӯҳбат бо Паёмбар (с) ва дастуроти ба ишон аст. Ҳамчунин сифатҳои ҳафтгонаи Худованд дар ин бахш омадааст.
Ин ҳафт сифат, ки дар оёти аввал то панҷуми сура омада, иборат аст аз « أَعْلَىбартар», « الَّذِي خَلَقَкасе, ки офарид», « فَسَوَّىҳамоҳанги бахшид», « الَّذِي قَدَّرَ касе, ки андозагирӣ кард», « هَدَىҳидоят кард», « أَخْرَجَ الْمَرْعَىчаманзорро баровард», « فَجَعَلَهُ غُثَاءً أَحْوَىон (чаманзор)-ро хошоки тирагун гардонед».
Худованд пас аз офариниши мавҷудот ононро дар масири пешрафт ва комил шудан қарор додааст. Сипас бо баёни намунае ба рушди гиёҳон аз замин барои хӯрда шудан тавассути ҳайвонот ва хушк ва сиёҳ шудани он ишора мекунад, ҳамчунин ба Паёмбари Ислом (с) ин хабари хушро медиҳад, ки Қуръонро ба гунае ба ту меомӯзем, ки ҳаргиз фаромӯш нахоҳи кард ва мо туро бо равиши осон барои таблиғи дини худ омода мекунем.
Ин сура мардумро дар баробари даъвати Паёмбар (с) ба ду даста тақсим мекунад: гурӯҳе, ки ба далели тарс аз Худо ба сӯи Паёмбар (с) меоянд ва гурӯҳе низ аз Паёмбар (с) дӯрӣ мекунанд, ки сарнавишт ва муҷозоти онҳо оташи бузург аст, ки дар он ворид мешаванд ва марг ва зиндагӣ дар он роҳ надорад.
Дар ин сура таъкид шудааст, ки ошкор ва махфӣ барои Худованд яке аст; Чароки ҳарчи ҳаст, чӣ пайдо ва чӣ нопайдо, аз сӯи Худованд офарида шудааст: إِلَّا مَا شَاءَ اللَّهُ إِنَّهُ يَعْلَمُ الْجَهْرَ وَمَا يَخْفَى: “Ҷуз ончи Худо хоҳад, ки Ӯ ошкор ва ончиро, ки ниҳон аст медонад”. Ин оят илмро барои Худованд собит мекунад ва Худовандро аз ҷаҳл ва нақс дӯр мекунад.