Муҳаммад Рафъат дар соли 1882 дар Қоҳираи Миср ба дунё омад. Ӯ дар хонае бузург шуд, ки аҳолии он аҳли Қуръон буданд барои ҳамин дар ҳамон ибтидо бо Қуръон ошно шуд. Муҳаммад Рафъат қабл аз дусолагӣ мубтало ба як навъ бемории хос шуд, ки бо ин беморӣ, биноӣ худро аз даст дод. Бо ин ҳол ба мактаб рафт тиловати Қуръонро фарогирифт ва ба ҷойгоҳи болое дар қироати Қуръон расид.
Дар соли 1934, ки аввалин радиои симӣ ё каблӣ дар Миср таъсис шуд, масъулони зиёде аз Муҳаммад Рафъат, ки шӯҳрати миллӣ дошт даъват карданд, ки дар радио тиловат кунад. Тиловати Қуръони Муҳаммад Рафъат дар радио, ҳамзамон бо ифтитоҳи радио дар Миср шуд. Тиловати Муҳаммад Рафъат аз сураи муборакаи Фатҳ дар он рӯз, яъне 29 декабри 1934 бисёр маъруф ва мондагор шудааст.
Садои Рафъат аз тариқи радио мунташир шуд ва садои ӯро тамоми мардуми Миср ва ҳатто берун аз ин кишвар шуниданд. Аз онҷое, ки тиловати Рафъат рӯйкарди отифӣ ва бисёр ҳассос дошт, тавонист дар байни гурӯҳҳои мухталифи мардум ба суръат мавриди таваҷҷуҳ қарор бигирад ва ҳатто ҷойгоҳи ҷаҳонӣ дошта бошад.
Дар давраи ҷанги ҷаҳонии дуввум теъдоде аз радиоҳои аврупоӣ низ барои ҷазби мухотаби бештар аз кишварҳои арабӣ ба пахши тиловати вай пардохтанд, ки боиси иттифоқоти ҷолибе шуда буд. Аз ҷумла инки як халабони канадаӣ, ки ба ҳамроҳи неруҳои англисӣ дар саҳрои ғарбӣ садои Рафъатро аз радиои Англис, ки барномаҳои Мисрро пахш мекард, шунид. Садои Рафъат ба қадре ӯро таҳти таъсир қарор дод, ки ба суръат аз дӯстони худ хост то Қуръоне дар ихтиёри ӯ қарор диҳанд.
Ӯ баъдҳо дар мавриди Ислом ва мусулмононӣ мутолиоти зиёде дошт то инки барои пайдо кардани Муҳаммад Рафъат ба Қоҳира рафт ва дар ҳузури ӯ мусулмон шудани худро эълом кард. Ҳамчунин, аз вай хост, ки як номи исломии муносиб барои ӯ интихоб кунад.
Тиловатҳои Муҳаммад Рафъат таъсироти маънавии зиёде дошт, аммо ба далели инки тиловатҳои ӯ пахши зинда буд, забт намешуд. Бо ин ҳол афроде садои вайро дар манзили худ ба сурати шахсӣ забт мекарданд. Ба ҳамин далел тиловатҳои камтаре аз Муҳаммад Рафъат боқӣ мондааст.
Дар соли 1943 Муҳаммад Рафъат дар ҳоли иҷрои барномаи зинда дар радио буд, ки ногаҳон дучори ҳабси садо шуд. Пайгириҳои дармонӣ нишод дод, ки ӯ ба варами ҳанҷара дучор шудааст. Ин мушкил боис шуд то садояш қатъ шавад ва натавонад кори тиловати Қуръонро идома бидиҳд ва дар ниҳоят субҳи рӯзи душанбе, нӯҳуми моҳи майи соли 1950, дақиқан дар рӯзе, ки мутаваллид шуда буд, аз дунё рафт.