Оятуллоҳ Сайид Алии Хоманаӣ, раҳбари инқилоби исломии Эрон дар бахше аз баёноташон дар дидори донишомӯзон ва донишҷуён бо истинод ба ояти 60 сураи муборакаи "Рум" фармуданд: «дунёи Ислом инро фаромӯш накунад, ки дар ин қазияи муҳим ва таъйинкунанда, он касе, ки дар муқобили Ислом, дар муқобили як миллати мусулмон, дар муқобили Фаластини мазлум истод, Амрико буд, Фаронса буд, Англис буд; Инро дунёи Ислом фаромӯш накунад, инро бифаҳманд; Дар муомилоташон, дар муодилоташон, дар таҳлилҳоияшон фаромӯш накунанд инро, ки чӣ касе истодааст ва дорад рӯйи ин мардуми мазлум ва миллати мазлум фишор меовард; сирфи режими саҳюнистӣ нест. Албатта мо шак надорем, ки «اِنَّ وَعدَ اللَهِ حَق»; Ваъдаи илоҳӣ ҳақ аст. وَ لا یَستَخِفَّنَّکَ الَّذینَ لا یوقِنون; Инҳое, ки ба ваъдаи илоҳӣ яқин надоранд, бо манфибофиҳои худашон шуморо бояд мутазалзил накунанд, суст накунанд.»
Матни оят: فَاصْبِرْ إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقٌّ ۖ وَلَا يَسْتَخِفَّنَّكَ الَّذِينَ لَا يُوقِنُونَ
Тарҷумаи оят: "Пас сабр кун, ки ваъдаи Худо ҳақ аст, ва зинҳор то касоне, ки яқин надоранд, туро ба сабуксарӣ вондоранд."
Худои Мутаол дар ин оят ба Паёмбари Ислом (с) мефрмояд, ки дар муқобили мушкилот ва ноҳамвориҳо, сабр ва истиқомат дошта бош ва ба ваъдаи илоҳӣ низ умедвор бош; Зеро ваъдаи Ӯ воқеӣ хоҳад шуд. Илова бар ин, чунон сангин ва по барҷо бош, ки ин афрод натавонанд туро сабук бишуморанд ва аз ҷо такон диҳанд, чаро, ки онҳо яқин надоранд ва ту конуни яқин ва имонӣ.
Ин оят дар ҳақиқат, хитоби тасалиятомез ба Расули Худо (с) дар баробари суханони ҳаткомези душманон аст, ки даъвати ӯро афсонасуроӣ мехонданд. Худованд мефрмояд бояд сабр ва шикебоӣ намоӣ ва ба даъвати худ идома диҳӣ, ваъдаи Парвардигор ба инки башар аз аввалин ва охирин дар олами қиёмат бори дигар зинда хоҳанд шуд, ҳақ собит ва тахаллуфнопазир аст.
Дар воқеъ ояти поёнии сураи Рум ду дастури муҳим ва як бишорати бузург ба Паёмбари Ислом (с) медиҳад то ӯро дар мубориза пайгир ва мустамар дар баробари лаҷуҷони ҷоҳил ва бехирадони сарсахт ба истиқомат даъват кунад.
«فاصبر» дар Қуръон ба маънои истиқомат ва сабр калид ва рамзи пирӯзии ҳамаи мураббиён ба хусус Анбиёи Илоҳӣ дар тули таърих буда, ки дар партави ин сабр фарҷоми нек ва оқибат ба хайрӣ насиби мӯъминон мешавад.
Дар идомаи ояти шарифа барои инки Паёмбар (с)-ро дар ин роҳ дилгармтар кунад аз тахаллуфнопазир будани ваъдаҳои Худованд сухан ба миён оварда ва мефрмояд: «إِنَّ وَعْدَ اللَّهِ حَقّ». Худованд ба паёмбари Акрам (с) ва мӯъминон ваъдаи пирӯзӣ ва хилофат дар замин ва ғалабаи Ислом бар куфр, нур бар зулмат, илм бар ҷаҳл, додааст ва ба ин ваъдаҳо ҷомаи амал мепушонад. Дар ҳақиқат калимаи «وَعْد» дар инҷо ишора ба ваъдаҳои мукарраре аст, ки Қуръон дар мавриди пирӯзии мӯъминон додааст.
Дувумин дастури ин оят амр ба тасаллут бар аъсоб ва ҳифзи митонат ва оромиш ва аз майдон ба дар нашудан дар ин муборизаи сахт аст ва ба ҳамин далел Худованд мефармояд:
Ҳаргиз набояд касоне, ки имон надоранд туро хашмгин ва асабонӣ кунанд.