IQNA

Сураҳои Қуръон / 108

Баёни бузургтарин неъмати Худованд ба Паёмбари Ислом(с) дар сураи Кавсар

20:32 - November 12, 2023
рақами хабар: 693
Теҳрон (ИКНА) яке аз сураҳои Қуръони Карим “Кавсар” ном дорад; Сурае, ки дар он Худованд аз неъмати бузурге сухан гуфта, ки ба Паёмбари Ислом(с) дода шудааст.

Саду ҳаштумин сураи Қуръони Карим “Кавсар” ном дорад. Ин сура бо се оят дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Кавсар”, ки сураи макӣ аст, дар тартиби нузул, понздаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Дар ин сура аз неъмате ба номи “Кавсар” сухан гуфта шудааст, ки Худованд ба Паёмбари Ислом(с) бахшидааст. Барои ҳамин ин сураро “Кавсар” номидаанд.

“Кавсар” ба маънои хайри бисёр аст. Ҳамчунин “Кавсар” номи рӯде дар биҳишт аст. Дар ин сура ишора ба неъмате аст, ки аз тарафи Худованд ба Паёмбари Ислом(с) дода шудааст.

Дар мавриди инки ин неъмат чист, назароти мухталифе матраҳ шудааст аз ҷумла дин метавон ба Ислом, мақоми паёмбарӣ, Қуръони Карим, теъдоди зиёде тарафдорон ва мусулмонон, ҳазрати Фотима(рз) духтари Паёмбар(с) ва идомадор будани насли Паёмбар(с) ишора кард.

Бисёре аз муфассирон манзур аз неъмате, ки Худованд ба Паёмбари Ислом(с) додаро духтари ишон яъне Фотимаи Заҳро(рз) медонанд чаро, ки дар ин сура сухан аз касоне аст, ки Паёмбарро ба далели инки писар надорад, бидуни насл ва ноқис медонистанд; Худованд низ дар посух ба онҳо, ин сураро хитоб ба Паёмбар(с) нозил кард.

Тамоми оёти ин сура хитоб ба Паёмбари Ислом(с) аст ва ҳадафаш дилдорӣ додан ба ишон дар баробари сахтиҳо ва мушкилот ва таънаҳо ва кинояҳои мушкрон аст. Ин сура хабари хуше ба Паёмбар(с) дар мавриди неъмате аст, ки дар ихтиёраш қарор дода шуда ва аз Паёмбар хоста шуда дар баробари чунин неъмати бузург ва муҳимми Худовандро ситоиш кунад; Ситоише, ки ба ҳамон андоза бузург ва қобили таваҷҷуҳ бошад.

Дар ояти дувум, шеваи сипосгузорӣ аз Худовандро намозхондан ва қурбонӣ кардан унвон кардааст. Ҳарчанд бархе муфассирон тибқи ояти дувуми ин сура фақат намозхонданро равиши сипосгузории Худованд медонанд, аммо иддаи дигаре فَصَلِّ لِرَبِّكَ وَانْحَرْ: “Пас [ба шукронаи он] барои Парвардигорат намоз бихон ва шутур қурбонӣ кун” ба ҷуз намозхондан, қурбонӣ карданро низ бахше аз паёми ин оят медонанд.

Мавзӯъи дигари ин оят таъкид бар ин асл аст, ки намозхондан ва қурбонӣ кардан ва ба сурати куллӣ тамоми ибодатҳо махсуси Худованде аст, ки офаринандаи ҳамаи неъматҳост. Ин сухан дар замоне матраҳ шуда, ки бархе инсонҳо, бутҳо ва худовандони дурӯғинро ибодат мекарданд ва барои онҳо қурбонӣ мекарданд.

Ояти севум марбут ба иҳонат ва таънаи мушрикон ба Паёмбари Ислом(с) аст. Ба далели инки Паёмбар(с) фарзанди писар надошт, ӯро ноқис ва бидуни насл меномиданд. Барои ҳамин Худованд Паёмбар(с)-ро дилдорӣ медиҳад ва ин хабарро ба ӯ медиҳад касе, ки ин тавҳинро карда, худаш бидуни насл хоҳад шуд.

captcha