Саду нӯҳумин сураи Қуръони Карим “Кофирун” ном дорад. Ин сура бо шаш ояи дар ҷузъи сиюм қарор гирифтааст. “Кофирун”, ки сураи макӣ аст, ҳаҷдаҳумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом (с) нозил шудааст.
Ин сураро “Кофирун” номидаанд ба ин далел, ки ин сура дар мавриди кофирон аст ва ин калима дар аввалин ояти ин сура омадааст. Гуфта шудааст, ки ин сура ҳангоми нозил шуд, ки гурӯҳе аз кофирон пешниҳод доданд, муддате онон бар асоси дини Паёмбари Ислом (с) зиндагӣ кунанд ва муддате Паёмбар(с) аз дини онҳо пайравӣ кунад.
Худованд дар ин сура ба Паёмбар(с) дастур медиҳад, ки мухолифати худро бо дини бутпарастӣ ошкор кунад ва эълом кунад, ки ҳеҷ тамоюл ва алоқае ба дини кофирон надорад ва бо онҳо сулҳ нахоҳад кард. Ҳамчунин хабар медиҳад, ки кофирон низ дини ӯ намепазиранд; Пас на дини Ислом мавриди истифода ва пазириши онҳо аст ва на дини кофирон мавриди пазириши Паёмбари Ислом(с) аст; Бинобар ин кофирон набояд умедвор бошанд, ки Паёмбар бо онҳо сулҳ кунад.
Ин сура маъмурияти Худованд ба Паёмбари Ислом (с) барои посух гӯӣ ба кофирон аст. Дар се ояти аввал ин маъно вуҷуд дорад, ки Худованд ба Паёмбар (с) дастур медиҳад, ки ӯро барои ҳамеша бипарастад, ва инки ба кофирон хабар диҳад, ки ҳаргиз Худоро ибодат намекунанд, пас ҳеҷ нуқтаи муштараке байн мусулмонон ва кофирон дар дин вуҷуд надорад. Албатта ин мавзӯъ то замоне аст, ки кофирон дар дини худ боқӣ бимонанд, вагарна дар давраҳои мухталиф кофирон, мусулмон шуда ва Худоро низ ибодат кардаанд.
Ин мафҳум, дар оёти баъди дубора такрор шудааст: وَلَا أَنَا عَابِدٌ مَا عَبَدْتُمْ؛ وَلَا أَنْتُمْ عَابِدُونَ مَا أَعْبُدُ; “Ва на ончи парастидед ман мепарастам ва на ончи мепарастам шумо мепарастед” (Кофирун/ 4 - 5). Ин такрор, таъкиди бар паёми ин сура аст. Ҳамчунин таъкид бар инки Паёмбар (с) дар ҳар даврае ва дар ҳар шароите ба ибодати Худованд машғул бошад.
Ояти поёнӣ роҳи мусулмононро аз кофирон ба сурати комил ҷудо мекунад: لَكُمْ دِينُكُمْ وَلِيَ دِينِ: “Дини шумо барои худатон ва дини ман барои худам”. Дар инҷо мумкин аст иддае бигӯянд Ислом бо интихоби дини кофирон ва мушрикон мувофиқат кардааст ва ё ин бардошт сурат бигирад, ки Худованд аз Паёмбар (с) хоста бо кофирон ба мухолифат напарозад. Бархе низ ин оятро ба маънои мувофиқати Ислом бо « плюрализми динӣ» донистаанд, аммо ин бардоштҳо наметавонад дуруст бошад чаро, ки Ислом ҳамеша ба думболи даъвати мардум ба яктопарастӣ ва дӯр шудан аз куфр ва ширк будааст.
Баъзе аз муфассирон мӯътақид ҳастанд калимаи «дин» дар ин оят ба маънои дин ва мазҳаб нест, балки ба маънои подош ва муҷозот аст; Бинобар ин манзур аз ин оят он аст, ки ҳар гурӯҳе бар асоси дин ва равише, ки дорад муҷозот ё подоши худро дарёфт хоҳад кард.