IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 7

Истимрори ёди Худо дар ҳамаи аҳвол

18:20 - November 19, 2023
рақами хабар: 723
Теҳрорн (ИКНА) бузургмардоне, ки дар миёни мардум зиндагӣ мекунанд ва ба кори тиҷорат мепардозанд; Аммо ҳеҷ коре ононро аз ёди Худо ғофил намекунад ва аз намоз ва закот боз намедорад; Инҳо ҳамвора ба рӯзе меандешанд, ки ҳамаи мардум дар ҳайрат ва нигаронӣ ҳастанд.

رِجَالٌ لَا تُلْهِيهِمْ تِجَارَةٌ وَلَا بَيْعٌ عَنْ ذِكْرِ اللَّهِ وَإِقَامِ الصَّلَاةِ وَإِيتَاءِ الزَّكَاةِ يَخَافُونَ يَوْمًا تَتَقَلَّبُ فِيهِ الْقُلُوبُ وَالْأَبْصَارُ; “Покмардоне дар ҷаҳон ҳастанд, ки ҳеҷ касб ва тиҷорат ва суд ва савдое ононро аз ёди Худо ғофил нагардонад, на аз иқомаи намоз ва на адои закот. Ишон аз моли худ ба фақирон закот медиҳанд ва тарсон ва ҳаросонанд аз он рӯз, ки дилҳо ва дидаҳо ҳайрон ва музтариб гардад” (Нур, 37).

Инсонҳое ҳастанд, ки дар миёни мардум зиндагӣ мекунанд, ба кори тиҷорат мепардозанд ва дар ҳамаи фаъолиятҳои иҷтимоӣ ширкат мекунанд, аммо ҳеҷ коре онҳоро аз ёди Худо ғофил намекунад ва аз намоз ва закот боз намедорад ва ишон чунонанд, ки пайваста ба рӯзе меандешанд, ки дилҳо ва чашмҳо мутааҷҷиб ва ҳайрон аст ва он рӯз, рӯзи дидор бо Худост, ки ҳама нигаронанд ва ба ин сӯ ва он сӯ чашм мегардонанд то чӣ пеш ояд.

Дилҳояшон дар тапиш аст, ки чӣ иттифоқе бар ишон хоҳанд афтод. Ҳаркас ба чунин рӯзе бияндешад, пайваста дар ҳар коре худоро ба хотир меоварад ва коре бархилофи ризои Ӯ намекунад, зеро чӣ ногувор аст, ки одамӣ назди Парвардигори худ равад ва ба ҳузури он зебоӣ мутлақ ва раҳмати номунтаҳо бирасад, аммо аз шарми зиштӣ ва нақс, натавонад бо маҳбуб рӯдарру шавад.

Паёми оят ин аст, ки марди зиндагӣ бошед ва харидори колои муҳаббат бошед ва колоҳои пусидаи дурӯғини дурӯғ ва риёро раҳо кунед. Хуш ба ҳоли инсонҳое, ки Худованд аз ишон ба бузургӣ ёд мекунад ва ишонро шаҳсавори майдони зиндагӣ медонад.

Додани садақот ба ниёзмандони молӣ одамиро аз олудагӣ ба моли ғайр пок мекунад ва рӯҳи одамиро аз дилбастагӣ ба мол ва сарват пок мекунад. Дар айни ҳол чӣ бисёранд мардуме, ки барои худнамоӣ закот медиҳанд ё аз моле, ки ба шар ва фасод ба даст овардаанд, корҳои хайр мекунанд. Ба ҳамин ҷиҳат, амали дуруст он аст, ки саховат дошта бошем ва ба зоҳири амал фареб нахурем.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha