IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 12

Паноҳгоҳи марг куҷост?

16:24 - November 25, 2023
рақами хабар: 743
Теҳрон (ИКНА) марг аз дидгоҳи Қуръон таҷрибае аст, ки бо фурӯ рехтани низоми бадан дар худогоҳ ё рӯҳи одамӣ рух медиҳад ва ҳеҷ паноҳгоҳе аз он нест, гарчи одамӣ дар қасрҳо ва бурҷҳои маҳкам бошад.

يْنَمَا تَكُونُوا يُدْرِكْكُمُ الْمَوْتُ وَلَوْ كُنْتُمْ فِي بُرُوجٍ مُشَيَّدَةٍ وَإِنْ تُصِبْهُمْ حَسَنَةٌ يَقُولُوا هَذِهِ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ وَإِنْ تُصِبْهُمْ سَيِّئَةٌ يَقُولُوا هَذِهِ مِنْ عِنْدِكَ قُلْ كُلٌّ مِنْ عِنْدِ اللَّهِ فَمَالِ هَؤُلَاءِ الْقَوْمِ لَا يَكَادُونَ يَفْقَهُونَ حَدِيثًا; “Ҳар куҷо, ки бошед марг шуморо дармеёбад ҳарчанд дар қалъаҳо ва қасрҳои маҳкам хона кунед ва мунофиқонро ҳаргоҳ хайр ва некӯӣ расад мегӯянд ин аз ҷониби Худост (ва Худованд бо мо назари лутф кардааст) ва ҳаргоҳ барояшон сахтӣ ва бадӣ пешояд онро, эй Расул, ба ту нисбат медиҳанд. (Дар посухи ишон) бигӯ чунин нест балки ҳарчи бар шумо мерасад ҳама аз ҷониби Худост ва аҷабо аз ин мардуми ҷоҳил, ки аз фаҳми чунин суханҳои равшан дӯранд” (Нисоъ/78).

Марг аз дидгоҳи Қуръон воқеӣ ё ҳодиса ё таҷрибае аст, ки одамиён бо он рӯбарӯ мешаванд. Ин таҷриба амре аст, ки бо фурӯ рехтани низоми бадан дар худогоҳи ё рӯҳи одамӣ рух медиҳад ва ҳеҷ паноҳгоҳе аз он нест, гарчи одамӣ дар қасрҳо ва бурҷҳои маҳкам бошад.

Дар ҳикоятҳо омадааст, ки подшоҳе қасри азим ва бо шукӯҳе сохта буд ва меъмори он аз ҳама ҷиҳот, зебоиро дар он риоят карда буд. Дар рӯзи ифтитоҳ, меҳмонии умумӣ тартиб дод ва мардум аз табақоти гуногун ба дидани қаср омада буданд ва қаср ва подшоҳро местуданд. Дар он миён дарвеше буд, ки султон аз ӯ пурсид: «ин қасрро чигуна мебинӣ?» дарвеш гуфт: «сохти хуб аст, илло онки рахнае дар он ҳаст, ки агар битавон бояд пур кард». Султон мутағайир шуд, ки «дарвеш суханони бемаъне магӯй, мо рахнае дар ҳеҷҷо намебинем» дарвеш гуфт: «чаро вақте ҳамаи дарҳоро бибандед, марг бо рахнае ба қаср ворид мешавад ва соҳиби онро мерубояд».

Бахши дувуми оят, сухани мустақиле аст дар баёни андеша ва гуфтори мунофиқон, ки ҳаргоҳ хайр ва хубӣ ба онҳо расад, гӯянд ин кори Худост (, ки моро ба иноят назар кардааст ва бадин инояти хаёлӣ бар халқ фахр мефурӯшанд) ва агар сахтӣ ва меҳнате пеш ояд Расули Худо(с)-ро маломат мекунанд, ки инҳо ҳама тақсири ту ва рисолати туст. Худованд дар ин оят ба сароҳат посухи тамоми он мунофиқон ва ҳар муддаӣ дигарро чунин додааст, ки тамоми ончи бар шумо мерасад машият ва хости илоҳӣ аст (ва истисно ва табсирае дар он роҳ надорад).

Дар поёни оят Худованд дар пурсиши итобомезе мефармояд: ин қавмро чӣ пеш омада, ки ба дарк ва фаҳми ин ҳақоиқи равшан ҳатто наздик нест.

Иллати дӯрӣ аз фаҳм, маслиҳатандешӣ ва нафспарастӣ аст. Дар ҳақиқат инсони худхоҳ худро ба нодонӣ мезанад ва мефаребад то фаҳм накунад ҳар он мавъиза ва насиҳат ва ҳақиқати бадеҳиро, ки музоҳими расидани ӯ ба мақсудҳои нафсонии ӯст.

Худпарастӣ нуқтаи авҷи дӯрӣ аз Худо ва ҳақиқат аст. Худпарастӣ нуқтаи авҷи танҳоӣ аст ва худпарастӣ нуқтаи авҷи наздикӣ ба шайтон аст.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

 

captcha