IQNA

Шиканҷаи занони асири фаластинӣ тавассути саҳюнистҳо бо гуруснагӣ ва ташнагӣ

19:49 - November 29, 2023
рақами хабар: 762
Фаластин (ИКНА) занони асири фаластине, ки дар тавофуқи миёни ҷунбиши Ҳамос ва режими саҳюнистӣ ба тозагӣ озод шудаанд шиканҷаҳои ишғолгарони саҳюнистӣ алайҳи асирони фаластиниро фош мекунанд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, “Малик Салмон” асири зани фаластине, ки дар ҷараёни табодули асирон миёни режими саҳюнистӣ ва ҷунбиши Ҳамос озод шуда дар гуфтугӯ бо Ал-Маёдин таъкид кард: ишғолгарони саҳюнистӣ танҳо панҷ дақиқа қабл аз озодӣ манро дар ҷараёни ин мавзӯъ қарор доданд.

Вай дар идома афзуд: ишғолгарони саҳюнистӣ занони асири фаластиниро аз ҳуқуқи аввалияи худ ва ҳатто аз хӯрдан ва ошомидан маҳрум мекунанд. Онҳо аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо токунун иртиботи занони асирро ба сурати комил бо ҷаҳони хориҷ қатъ кардаанд.

Малик Салмон тасреҳ кард: ишғолгарони саҳюнистӣ бо боздошти ман дар даврони навҷавониӣ боис шуданд аз таҳсил ва ба сурати куллӣ аз раванди зиндагӣ комилан дӯр бимонам. Эҳсосоти ман баъд аз бозгашт ба хонаам хушҳолии ҳамроҳ бо ҳузн ва андӯҳ буд.

Вай таъкид кард: ҳанӯз занон ва мардони фаластинии зиёде ҳастанд, ки дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ ба сар мебаранд. Хуни шуҳадои Ғазза боис шуд мо озод шавем. Муқовимат пирӯз шудааст.

Малик Салмон дар феврали соли 2016 дар ҳоле ки танҳо 16 сол дошт ба дасти низомиёни ҷинояткори режими саҳюнистӣ мавриди зарб ва шатм ва боздошт қарор гирифт. Додгоҳи режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ба баҳонаи мушорикати вай дар амалиёти неруҳои муқовимат 10 сол ҳабс барои Малик Салмон таъйин кард.

Падари Ҳамза Ал-Мағрибӣ, асири фаластине, ки ба тозагӣ аз банди зиндонҳои режими саҳюнистӣ озод шуда низ таъкид кард: ишғолгарони саҳюнистӣ аз оғози амалиёти Тӯфони Ал-Ақсо тамоми роҳҳои иртиботӣ бо усарои фаластиниро қатъ карданд.

Пеш аз ин Нуфуз Ҳамод навҷавони фаластине, ки дар ҷараёни чаҳорумин марҳала аз озодсозии усаро тавассути режими палиди саҳюнистӣ озод шуд дар суханоне таъкид кард: мо ба сурати густурда тавассути ишғолгарони саҳюнистӣ дар зиндон шиканҷа шудем. Ин шиканҷаҳо мушаххасан дар ҷараёни раванди озодӣ ташдид шуд.

Даҷана Аттун, яке дигар аз усарои фаластине, ки дар марҳалаи чаҳорум озод шудааст дар суханоне таъкид кард: усарои фаластинӣ дар зиндонҳои режими саҳюнистӣ дар шароити сахте ба сар мебаранд.

Майсон Ал-Ҷабалӣ, қадимитарин асири зани фаластине, ки ба тозагӣ аз зиндони режими ғосиби саҳюнистӣ озод шуда дар гуфтугӯ бо Ал-Ҷазира бо ишора ба сахтгириҳо ва хушунатҳои ишғолгарон алайҳи усаро гуфт, ки бисёре аз усарои зан дар натиҷаи ҳамин сахтгириҳо бемор шудаанд. Онҳо ҳамвора аз сӯи зиндонбонон мавриди шиканҷа ва зарб ва шатм қарор мегиранд. Вай идома дод: мо дар муддати боздошт бо бадрафториҳо ва хушунатҳои шадиди нигаҳбонон мувоҷеҳ будем.

https://tajikpress.com/2023/11/29/

captcha