IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 23

Гиромитарини шумо назди Худованд бофзилттарини шумост

21:49 - December 12, 2023
рақами хабар: 814
ИКНА - Аз назари Қуръони Карим ҳар як аз шумо аз ҳар қабила ва ойин, ки бошед агар аз корҳои зишт парҳез кунед ва корҳои некӯ ба ҷой оред назди Худованд гиромитар хоҳед буд. Ҳамоно, ки Худованд ба бартарӣ ва имтиёзи мардумон аз якдигар донотар аст.

يَا أَيُّهَا النَّاسُ إِنَّا خَلَقْنَاكُمْ مِنْ ذَكَرٍ وَأُنْثَى وَجَعَلْنَاكُمْ شُعُوبًا وَقَبَائِلَ لِتَعَارَفُوا إِنَّ أَكْرَمَكُمْ عِنْدَ اللَّهِ أَتْقَاكُمْ إِنَّ اللَّهَ عَلِيمٌ خَبِيرٌ; “Эй мардум, мо шуморо (дар оғоз) аз як мард ва зан офаридем ва онгоҳ шуморо адён ва оинҳо ва қабоили гуногун ниҳодем то бо якдигар ба сулҳ ва дӯстӣ ошно шавед ва ҳеҷ қавм ва қабила ва оинеро бар дигарӣ бартарӣ нест ҳамоно, ки гиромитарини шумо назди Худованд парҳезгортарини шумост ва Худованд бар аҳволи одамиён хабар ва доност (Ҳуҷурот, 13).

Инки Ҷабраили Амин, шайпури сулҳ ва дӯстиро дар осмон ба садо овардааст то ба фармони Парвардигори олам ҷанги ҳафтоду ду миллатро поён диҳад, паём ин аст ки мардум, мо шуморо зан ва мард офаридем то ҳам канори ҳам дилхӯш бошед ва ҳам фарзандоне аз худ ба ҷой гузоред ва низ мо шуморо дар ойинҳо ва гурӯҳҳо ва қабоили гуногун падидовардем на барои онки ҳар як бо дигарӣ ба ҷанг пардозед, балки то якдигарро бишносед ва аз баракоти вуҷуди ҳам бархурдор шавед ва беҷиҳат талоши бартарии қабилаӣ ва ойине бар қабила ва ойини дигар мазанед. Зеро меъёри қазоват дар боргоҳи илоҳӣ тақво ва парҳезгорӣ ва фазилат аст.

Бинобар ин ҳар як аз шумо аз ҳар қабила ва ойин, ки бошед агар аз корҳои зишт парҳез кунед ва корҳои некӯ ба ҷой оред назди Худованд гиромитар хоҳед буд. Ҳамоно, ки Худованд ба бартарӣ ва имтиёзи мардум аз якдигар донотар аст.

Он ҳақиқате, ки ихтилофкунандагон надиданд, ин аст, ки ҷавҳари дин ва ҳақиқати имон ҳамон тақво ва фазилат аст ва он махсус ба ҳеҷ ойин ва диёнате нест ва сарчашмаи ҷангҳо ва ихтилофот фуқдони ҳамин тақво ва ҳузури фаъоли худхоҳӣ ва ҳавопарастӣ аст ва шоирон аз ин худпарастӣ таъбир ба ҳушёр кардаанд аз он ҷиҳат, ки оммаи мардум ҳушёри манофеи хешанд ва аҳли тақвои ҳақиқӣ маст ва бехештананд, ки гуфтаанд мастӣ ва ростӣ.

Ҷангҳои мазҳабӣ ва ба иборати беҳтар қудрат талабиҳои ақвоми милали гуногун дар ҳиҷоб арзишҳои сохтагии динӣ чунон фаҷойеъ дар таърихи башарият ба бор овардааст, ки агар ҳамаи мардумон даст аз дин бишӯянд ва ба куфр паноҳ бибаранд, бори маломаташ бар дӯши ҳамон қудратталабон ва ҷоҳталабон ва ҳарисони милку мол хоҳад буд.

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha