Дар шасту нӯҳумин рӯзи таҷовузи режими палид ва ҷинояткори саҳюнистӣ ба Ғазза, мошини ҷанги режими кӯдаккуши саҳюнистӣ ҳамчунон ба ҳамалоти заминӣ, дарёӣ ва ҳавоӣ ба манотиқи мухталифи Навори Ғазза идома медиҳад, ки мунҷар ба куштори ҳавлноки ғайринизомиёни фаластинӣ шудааст.
Неруҳои муқовимати исломии Ҳамос дар тамоми меҳварҳо ҳамчунон ба муқобила бо таҳоҷумоти неруҳои ишғолгар идома медиҳанд.
Ба гуфтаи манобеи фаластинӣ, таҷовузоти режими ғосиби саҳюнистӣ ба Навори Ғазза ба беш аз 18 ҳазор ва 608 шаҳид барҷой гузошта, ки бештари онҳо зан ва кӯдак буданд ва теъдоди маҷрӯҳон аз марзи 50 ҳазор нафар гузаштааст.
Ба гуфтаи вазорати татдурустии Ғазза мошини куштори Исроил тайи соати гузашта 16 қатлиом ва наслкушии системотикро дар тамоми манотиқи Ғазза анҷом додааст.
Ҷангандаҳои режими хуношоми саҳюнистӣ пас аз ҳадаф қарор додани ду хона дар наздикии чаҳорроҳи Ал-Духонӣ дар маркази шаҳри Рафаҳ дар ҷануби Навори Ғазза, даст ба куштори ҳавлноке заданд, ки дар натиҷаи он ҳудуди 27 фаластинӣ ба шаҳодат расиданд ва теъдоди дигар низ захмӣ шуданд.
Хабаргузории фаластинии Вафо гузориш дод, ки ҳавопаймоҳои режими ишғолгар сохтумонеро, ки дар он афроди овора, ки бештари онҳо маълулон будандро дар урдугоҳи Насирот ҳадаф қарор доданд, ки мунҷар ба шаҳодати теъдоде аз сокинон шуд. Ба гуфтаи ҳамин манбаъ, бар асари ҳамлаи Исроил ба мадрасае дар маҳаллаи шайх Ризвон дар шаҳри Ғазза 6 фаластинӣ кушта ва даҳҳо нафар захмӣ шуданд.
Аз сӯи дигар ишғолгарон ба кушташудани як афсар ва маҷрӯҳ шудани 36 сарбоз тайи 24 соати гузашта изъон карданд. Пеш аз ин, артиши ишғолгар бо эъломи кушташудани 10 сарбози худ дар ҷараёни набардҳои шадид дар Навори Ғазза, изъон карда буд, ки зарбаи сахте аз муқовимат хӯрдааст.
Ишғолгарон ҳамчунин эътироф карданд, ки теъдоди маҷрӯҳони артиши ин кишвар ба 619 нафар афзоиш ёфтааст, ки 139 нафари онҳо ба шиддат маҷрӯҳ шудаанд, дар ҳоле, ки теъдоди кушташудагони артиши ин режим аз оғози амалиёти заминӣ дар Навори Ғазза дар 27 октябри гузашта ба 115 нафар расидааст.
https://iqna.ir/00HZUC