Ба гузориши манобеи хабарӣ, шуморе аз намозгузорони фаластинӣ дар масҷиди Иброҳимӣ дар шаҳри Алхалил шомгоҳи душанбе бар асари пошидани мурч тавассути шаҳракнишинони саҳюнистӣ дучори нафастангӣ ва сӯхтагӣ шуданд.
Ин хабаргузорӣ гузориш дод: асри рӯзи душанбе ҳам замони иқомаи намози мағриб дар масҷиди Иброҳимӣ дар маркази Алхалил, теъдоде аз намозгузорон бар асари пошидани мурч тавассути шаҳракнишинон дучори хафагӣ ва сӯхтагӣ шуданд.
Ҳилоли Аҳмари Фаластин низ ба навбаи худ эълом кард, ки ду захмии ношӣ аз ҳамла бо мурч ва филфил дар масҷиди Иброҳимӣ дар Алхалилро ба бемористон мунтақил кардааст.
Фаолон дар шабакаҳои иҷтимоӣ клипе мунташир карданд, ки нишон медиҳад намозгузорон бар асари истиншоқ сурфа мекунанд, бархе аз онҳо рӯи замин дароз кашидаанд ва як суханрон мегуяд: шаҳракнишинҳо ба самти мо мурч пошиданад.
Мақомоти режими ҷинояткори саҳюнитсӣ то кунун дар бораи ин ҳодиса изҳори назаре накардаанд.
Масҷиди Иброҳимӣ дар шаҳри қадимии Алхалил воқеъ шудааст, ки таҳти кантроли режим ғосиби саҳюнистӣ аст ва ҳудуди 400 шаҳракнишин дар он зиндагӣ мекунанд, ки тавассути ҳудуди 1500 низомии саҳюнистӣ муҳофизат мешавад.
Дар саҳаргоҳи 25 феврали 1994, як шаҳракнишини исроилӣ дар масҷид иқдом ба қатли оми намозгузорон кард. Дар пайи ин ҷиноят, ки мунҷар ба кушташудани 29 намозгузор шуд, режими саҳюнистӣ кумитае ташкил дод, ки дар ниҳоят масҷидро тақсим ва 63 дарсадро ба яҳудиён ва 37 дарсадро ба мусулмонон дод.
Мусулмонон пас аз тақсим низ бо мушкилот ва маҳдӯдиятҳои фаровоне дар ин масҷид мувоҷеҳ ҳастанд. Бар асоси ду гузориши вазорати авқоф ва умури динии Фаластин, артиши режими саҳюнистӣ танҳо дар октябри 2023 , 142 бор ва дар ноябри гузашта 62 бор аз пахши азон дар масҷид ҷилавгирӣ кардааст.