IQNA

Дар сӯҳбати Қуръон / 29

Хӯрдани моли ятим, хӯрдани оташ аст

18:04 - December 23, 2023
рақами хабар: 851
ИКНА - Бисёре аз мардум беэътино ба ҳалол ва ҳаром ва ҳаққу ноҳақ ва ба таъбири Қуръон моли ирсро ба тамом мебалъанд аз бас дилбастаи мол ва сарватанд, аммо ба зудӣ рӯзе мерасад, ки Худованд ҷаҳаннамро пеши чашми онон падид меоварад.

إِنَّ الَّذِينَ يَأْكُلُونَ أَمْوَالَ الْيَتَامَى ظُلْمًا إِنَّمَا يَأْكُلُونَ فِي بُطُونِهِمْ نَارًا وَسَيَصْلَوْنَ سَعِيرًا; “Ҳамоно касоне, ки амволи ятимонро ба зулм ва ҷавр мехӯранд онон дар ҳақиқат дар шиками худ оташ фурӯ мебаранд ва зуд бошад, ки дар оташи фурӯзони дӯзах даруфтанд” (Нисо, 10).

Чигуна мумкин аст, ки одамӣ дарунаш пур аз оташ бошад ва ҳеҷ эҳсосе накунад? Форобӣ мегӯяд, ки “Агар узве аз аъзои касеро ба афюн беҳис кунанд ва бар он оташ ниҳанд он кас дарде ва сӯзише эҳсос нахоҳанд кард, аммо пас аз чанде, ки таъсири дору аз миён биравад фарёдаш бар хоҳад хест”

Ва чунин аст, ки виҷдони одамӣ ба афюни ғафлат беҳис мешавад, моли ятим ва сағерро мехурад ва ӯро ҳеҷ тарсе аз азоб нест, аммо чун он ғафлат ба ҳушдори мавъиза ва тавба ё дар ниҳоят ба растохези марг аз миён биравад шахс ё дар ҳамин дунё ё дар охират ба ҷаҳаннами сӯзон хоҳад афтод ва дар оташе, ки ҳезумашро моли ятим ва зулм ва таҷовуз ва ғайра барафрӯхтааст, дархоҳад афтод, оташе, ки аз дарун шӯъла мекашд ва ҳеҷ паноҳгоҳ ва гурезгоҳе аз он нест.

Натаниел Хоторен, дар достони кӯтоҳе бо унвони марде, ки дар синааш мор дошт чигунагии ғафлат ва бехабарии одамиро аз мор ва оташи дарун ба зебоӣ тарҳ кардааст. Хоторен дар ин достони кӯтоҳ нишон медиҳад, ки чигуна он шахс дар оғоз аз ваҳшат ва ҳарос оканда мешавад ва чигуна ба тадриҷ бо он мор унс мегирад ва ӯро дар шиша нигаҳ медорад. Ҳамчунин Стивен Крейн, дар достони нишони сурхи далерӣ, хатари дигареро барои виҷдон нишон додааст, ки чигуна ҷавоне, ки ба озори мӯриёна ризоят намедиҳад ба ҷое мерасад, ки аз куштани садҳо нафар боке надорад.

Гоҳ бошад, ки ғамҳо ва ғуссаҳо ва оташҳо худро ба сурати зар ва нуқра ва дирҳаму динор дармеоваранд ва инсонҳои ғофил, он ғуссаҳоро чун шаҳду шакар мехӯранд.

Чунин аст ҳоли бисёре аз мардуми беэътино ба ҳалол ва ҳаром ва ҳаққу ноҳақ ва ба таъбири Қуръон моли ирсро ба тамом меблъанд аз бас, ки сахт дилбастаи мол ва сарватанд, аммо ба зудӣ рӯзе мерасад, ки Худованд ҷаҳаннамро пеши чашми ишон падид меоварад то бигӯянд эй кош барои ҳаёти абдии худ кор карда будем (оёти охири сура Фаҷр)

Баргирифта аз китоби “365 рӯз дар сӯҳбати Қуръон” навиштаи устод Ҳусайн Муҳйиддини Илоҳии Қумшаӣ.

captcha