Ҳамеша дар анҷоми як кор таваҷҷуҳ ба мабдаи, равиш ва мақсад боиси суръатгирифтани раванди корҳо мешавад. Инки шумо бидонед алон дар пиллаи аввали анҷоми як кор ҳастед хеле ба шумо кӯмак хоҳад кард, ки ангезаи худро аз даст надаҳед. Ба унвони мисол шумо дар оянда мутаваҷҷеҳ мешавед; Ҳамонтавр, ки ман аз сифр шурӯъ кардам ва то ин марҳала тавонистаам бирасам, пас метавонам ин мароҳилро пушти сар гузошта ва ба камоли болотаре низ бирасам!
Илова бар таваҷҷуҳ ба мабдаъ, таваҷҷуҳ ба мақсад ҳам муҳим аст. Инки шумо бидонед қарор аст баъд аз заҳамоти зиёд ба куҷо бирасед ва дар кадом қулъа бистед? Муҳиммтар аз ин ду, равиши расидан ба мақсад ва мақсуд аст. Табиӣ аст, ки бидуни ҳаракат ҳеҷ коре анҷом намешавад ва ҳар ҳаракате ниёз ба равиш дорад. Шумо медонед, ки аз хиёбоне, ки анбӯҳи мошин дар он қарор дорад, наметавонед гузар кунед. Чун эҳтимоли тасодуф дар он ҳаст ва мумкин аст осеб бубинед. Пас аз равиши дигаре истифода мекунед ва аз пули пиёдарав убур мекунед.
Инки чаро инсонҳои зиёде дар тӯли таърих натавонистаанд масири пешрафт ва рушдро тай кунанд бастагӣ ба равиши онҳо доштааст. Истифода аз масири дуруст ва равиши мутмаин натанҳо инсонро муъаттал намекунад, балки сония ба сония инсонро аз дигарон ҷилав меандозад.
Яке аз ин равишҳо ва василаҳое, ки инсонро ба беҳтарин шакл ба мақсад роҳнамоӣ мекунад, Қуръон аст. Ҳазрати Алӣ (а) мефармоянд: وَ مَا جَالَسَ هَذَا الْقُرْآنَ أَحَدٌ إِلَّا قَامَ عَنْهُ بِزِيَادَةٍ أَوْ نُقْصَانٍ، زِيَادَةٍ فِي هُدًى أَوْ نُقْصَانٍ مِنْ عَمًى; “Касе бо Қуръон ҳамнишин нашуд, магар онки бар ӯ афзуд ё аз ӯ кост, дар ҳидояти ӯ афзуд ва аз кӯрдилӣ ва гумроҳияш кам шуд”. (Хутбаи, 176)
Ҳазрати Алӣ (а) бо ин ҷумла, таъсири ҳамнишин бо Қуръон бар инсонро мепазиранд ва ду хасиса барои он зикр мекунад: 1. Кам шудани гумроҳӣ 2. Афзоиши ҳидоят.
Қуръон китобе аст, ки бар тамоми мушаххасот ва аҳволи инсон огоҳ аст, зеро аз забони офаринандаи инсон баён шудааст. Вақте китобе бо чунин мушаххасаи муҳимме вуҷуд дорад, табиӣ аст, ки лаҳза ба лаҳза ҳамнишинӣ бо он боиси берун омадан аз чоҳи гумроҳӣ ва ворид шудан аз дари ҳидоят мешавад.
Бо таваҷҷуҳ ба инки Қуръон огоҳ ба тамоми аҳволоти инсон аст, пас инсонро гумроҳ намекунад ва мутмаинтарин равиш барои пешрафт аст. Аммо ҳамин Қуръон ҳам бояд бо тафсири саҳеҳи он хонда шавад ва мавриди амал қарор гирад; Яъне ҳамон тафсире, ки Аҳли Байт (а) аз он ба мо ироа додаанд.
Дар ин бора бо ишора ба ривояте ин навиштарро ба поён мебарем: Имоми Содиқ (а) фармуданд: إنَّ اللهَ عَلَّمَ رسوله الحرام والحلال والتأويل فَعَلّمَ رسول الله عَلياً ذلك كله; “Ҳамоно Худованд илми ҳаром ва ҳалол ва таъвил ва танзили Қуръонро ба Паёмбараш омӯхт ва Расули Худо (Салаллоҳу алайҳи ва олиҳи ва саллам) ҳамаи онҳоро ба Алӣ (Алайҳиссалом) ёд дод.”
Пас ҳамонтавр, ки Худованд улуми Қуръонро ба Паёмбар ёд дод ва Паёмбар онро ба ҳазрати Алӣ (а) мунтақил кард. Мо ҳам барои истифода аз ин манбаъи рушд ва пешрафт бояд ба касоне, ки илми он дар дастони онҳост муроҷиа кунем.