Ба гузориши ИКНА: Ба нақл аз вебгоҳи хабарии «Ал-Ватан», «Саъд Муҳаммад Саъд Исо», ва ду бародараш «Саъд ва Абдулазиз» муваффақ ба касби рутбаи нахуст дар риштаи «Хонаводаи қуръонӣ» сиюмин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръон Миср шуданд.
Саъд Муҳаммад Саъд Исо дар бораи касби ин рутбаи арзишманд гуфт: мо ҳафт бародар ва хоҳар ҳастем, ки бо вуҷуди инки падар ва модарамон дорои таҳсилоти ибтидоӣ ҳастанд, ҳамагӣ муваффақ ба ҳифзи комили Қуръон шудем.
Вай афзуд: падар ва модари мо бисёр муштоқ буданд, ки фарзандони онҳо ҳофизи Қуръон бошанд, бинобар ин ман ва бародарон ва хоҳарамон ҳамагӣ дар Ал-Азҳар таҳсил кардем ва тавонистем оёти комили каломи ваҳйро ҳифз кунем.
Саъд дар идома бо ишора ба ин, ки вай имом ва хатиби идораи авқофи устони Искандарияи Миср аст, гуфт: ду бародари дигарм «Саъд ва Абдулазиз» низ аз хатибони вазорати авқофи Миср ҳастанд.
Вай дар бораи касби рутбаи нахусти риштаи хонаводаи қуръонӣ аз сӯи ӯ ва бародаронаш дар сиюмин рӯйдоди байналмилалии Қуръон Миср гуфт: «хонаводаи қуръонии мо ба хотири касби ин рутбаи арзишманд бисёр хушҳол ҳастанд ва аз Худо мехоҳам фарзандонам низ имтидоди ин хонаи қуръонӣ бошанд ва онҳо акнун бо вуҷуди синни кам дар масири ҳифзи каломи ваҳй гом ниҳодаанд, ҳамонтавр, ки падар ва модарам ба ҳифзи Қуръони мо алоқа дошт, мо низ ин масирро бо фарзандонамон идома хоҳем дод».
Саъд ҳамчунин аз эҳтимоми вижаи раисҷмҳури Миср ба фаъолони қуръонии ин кишвар қадрдорнӣ кард ва талош вазорати авқофи Миср дар барпоӣ рақобатҳои байналмилалии Қуръони ин кишвар ва афзоиши ҷоизаи риштаи хонаводаи қуръонӣ ба 500 ҳазор пунди Мисрро арҷ ниҳод.