Ба гузориши хабарнигори ИКНА, марҳалаи муқаддамотии чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон аз субҳи шанбе 30 декабр дар сохтумони Меҳри созмони Авқоф ва умури хайрия бо ҳузури доварон ва авомили фаннии ин рӯйдод оғоз шуда ва то душанбе 1 январ идома дорад.
Марҳалаи муқаддамотии чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Эрон ба сурати пахши забтшудаи файли тасвири мутасобиқон барои гурӯҳи доварӣ барномарезӣ шудааст. Дарёфткунандагони ҳадди нисоб ба марҳалаи ниҳоӣ ё ҳузурии ин рақобатҳо, ки моҳи феврал баргузор мешавад, роҳ меёбанд.
Ҳамиди Маҷидимеҳр, раиси маркази умури Қуръони созмони Авқоф ва умури хайрия дар ҳошияи баргузории ин марҳила дар гуфтугӯ бо хабарнигори ИКНА, гуфт: чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон давраи булуғ ва шукуфоӣ ин мусобиқот хоҳад буд.
Намояндагони беш аз 100 кишвар дар марҳилаи муқаддамотӣ
Вай дар бораи ҷузъиёти ин давра баён кард: шоҳиди истиқболи намояндагони беш аз 100 кишвар аз қорраҳои мухталиф будаем, ки бо ҳамкории Вазорати умури хориҷа, Созмони Фарҳанг ва Иртибототи исломӣ, Ҷомеатул-Мустафо Ал-Оламия ва бархе марокиз ва муассисоти бузурги динӣ, мазҳабӣ ва қуръонӣ дар сатҳи дунё ҳамроҳ будааст. Дар марҳилаи аввал як баррасӣ аз мутасобиқон ба амал омад, ки мунҷар ба шиносоӣ нафароти бартар шуд, баъд аз баргузории марҳилаи баррасӣ, ки ҳудуди ду ё се ҳафта қабл анҷом шуд, намояндагони 64 кишвар муваффақ ба ҳузур дар марҳилаи муқаддамотӣ шудаанд.
Раиси маркази умури қуръонии созмони Авқоф тасреҳ кард: дар ин давра шоҳиди истиқболи кишварҳои матраҳ ва эъзоми намояндагоне бо кайфияти тиловати боло будем, дар гузашта кишвари Миср ё намояндае муаррифӣ намекард ё агар муаррифӣ мекард аз сатҳи болое бархурдор набуд, аммо дар ин давра қории хуберо муаррифӣ кардааст. Кишвари Арабистон ҳам ба сурати расмӣ намояндагони худро дар панҷ ришта муаррифӣ кардааст, ки умедворем ба марҳилаи ниҳоӣ роҳпайдо кунанд. Кишварҳои дигар ҳамчун Малайзия, кишварҳои ҷануби шарқи Осиё ва кишварҳои матраҳи Африқо низ намояндаҳои сатҳи боло доранд.
Раиси ситоди баргузории чиҳилумин давраи мусобиқоти байналмилалии Қуръони Ҷумҳурии Исломии Эрон изҳор кард: кишварҳои пврупоӣ ҳам рушди хубе доштаанд, дар ин давра намояндагоне аз кишварҳое ҳузур доранд, ки дар ҳеҷ даврае тақрибан номе аз онҳо набудааст, кишварҳое монанди Италия, Испания, Португалия, Фаронса ва ... намояндагоне хоҳад дошт. Дар рӯзҳое, ки бархе аз ин кишварҳо даргири мушкилоти дохилӣ ҳастанд, мебинем ҷараёноти дохилии онҳо муштоқона аз мусобиқоти Эрон истиқбол мекунанд. Ҳатто дар кишварҳое, ки иҳонатҳои мукарраре ба Қуръон анҷом шуда низ намояндагоне ҳузур хоҳанд дошт ва ин яъне ҷараёноти қуръонии он кишварҳо пӯё ва сарзинда ҳастанд ва ин иттифоқоти ногувор ҳеҷ вақт нишондиҳандаи ботини мардуми як минтақа нест.
Устодони мисрӣ ва ироқӣ дар Эрон
Маҷидимеҳр баён кард: яке дигар аз вижагиҳои мусобиқоти имсол, суннатшиканӣ дар арсаи даъват аз доварони хориҷӣ аст, имрӯз ба думболи ин ҳастем афроде ба Эрон биёянд, ки эҳтимолан камтар ба Эрон омада ва аз тарафе афроде бошанд, ки дар ҷараёноти қуръонии ин кишвар худашон ҳам афроди муассире бошанд. Ба унвони мисол яке аз доварон аз кишвари Бангладеш хоҳад буд, ин фард раҳбари як ҷараёни қуръонӣ ва динии Бангладеш аст. Довари ироқӣ, раиси Дорулқуръони ҳарами имом Ҳусайн (а) аст. Устод Торутӣ, чеҳрае аст, ки соҳиби курсӣ дар донишгоҳи Ал-Азҳари Миср аст даъват шудааст.
Вай гуфт: бар асоси як мусавваба, довари мусобиқоти байналмилалӣ бояд ҳадди ақал се рӯйдоди миллиро доварӣ карда ва беш аз чиҳил сол син дошта бошад.