IQNA

Оғози марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии Қуръони «Порт-Саид»

23:06 - January 02, 2024
рақами хабар: 896
ИКНА - Марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръон ва ибтиҳоли «Порт-Саид»-и Миср бо ҳузури ҳайати байналмилалии доварон дар ин шаҳр оғоз шуд.

Ба гузориши манобеи хабарӣ, марҳалаи муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карим ва ибтиҳол бо назорати вижаи Мустафо Мадбулӣ, нахуствазири Миср ва фармондории «Порт-Саид» ва ҳамчунин Одил Муслиҳӣ, нозири кул ва мудири иҷрои ин давра аз мусобиқот оғоз шуд.

Одил Муслиҳӣ, нозири кул ва мудири иҷроӣ мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карим ва ибтиҳол, теъдоди ширкаткунандагон дар марҳалаи ниҳоӣ интихобиро 45 нафар эълом кард, ки дар моҳи оянда ва дар марҳалаи ниҳоӣ ба рақобат мепардозанд.

Ҳайати доварони марҳалаи муқаддамотии ин давра аз мусобиқот шомили Минҳоҷ аз кишвари Тоҷикистон, Усмон аз Кишвари Молӣ ва Рамазон аз кишвари Тайланд ва узви кумитаи баррасии Қуръон дар Ал-Азҳар аст. Ба гуфтаи нозирони ин давра аз мусобиқот бо ҳузури густардаи ҳофизон ва мубтаҳилони ҳамроҳ будааст.

Гуфтнӣ аст; Ҳафтумин давраи мусобиқоти байналмилалии ҳифзи Қуръони Карим ва ибтиҳоли «Порт-Саид», аз 2 то 6 феврал ба номи шайх Шаҳот Муҳаммад Анвар баргузор мешавад ва ширкаткунандгоне аз 60 кишвари ҷаҳон дар ин мусобиқот ҳузур доранд. Дар мароҳили муқаддамотии мусобиқоти байналмилалии Қуръони «Порт-Саид», беш аз 1700 ширкаткунанда ба рақобат мепардозанд, ки аз ин миён 45 нафар ба марҳалаи ниҳоӣ роҳмеёбанд. Аз миёни ин 45 нафар 4 нафар аз кишвари Миср хоҳад буд ва бақия аз соири кишварҳо ҳастанд, ҳамчунин аз се нафари бартар дар ҳар шоха таҷлил хоҳад шуд.

https://iqna.ir/fa/news/4191191

captcha