Ба гузориши ИКНА, Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ дар чунин рӯзе, 20 январи соли 1920 мелодӣ дар рустои Миншаъ дар устони Савҳоҷ дар Миср ва дар хонаводаи аҳли ҳифз ва тиловати Қуръон мутаваллид шуд. Гуфта мешавад дар хонаводаи Миншовӣ 18 ҳофизи Қуръон вуҷуд дошт, ки умри худро вақфи хидмат ба Қуръон кардаанд.
Тарафдорони ӯ ба далели маҳорати болои ин қории бузург дар тиловати Қуръони Карим дар мақоми наҳованд ва лаҳни пур аз хушуъ ба вай лақаби савти гирён ва подшоҳи мақоми наҳованд дода буданд, чаро, ки ин мақоми вижаи тиловати ҳузнангез ва хошиона аст.
Шайх Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, тиловати Қуръонро аз ҳамроҳии падар ва амуи худ дар маҷолиси шабонаи тиловати Қуръон оғоз кард ва дар яке аз ин маҷолис ба ӯ низ фурсати тиловати Қуръони Карим дода шуд, ва аз он замон рафтарафта шӯҳрати ӯ дар минтақаи сукунати хеш, фарогир шуд. Ӯ дар снини кӯдакӣ вориди мактабхонаи рустои зодгоҳи худ шуда ва муваффақ ба ҳифзи Қуръони Карим шуд.
Тоҳо Абдулваҳҳоб, мутахассиси лаҳн ва мақомоти Қуръон ва аз доварони мумтози мисрӣ дар мавриди савт ва тиловати устоди Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ мӯътақид аст, савти вай садои оддӣ нест ва шиддати фурӯтании ӯ дар тиловати Қуръон, мустамионро сарфи назар аз мақоми тиловат ба гиря ва хушуъ вомедорад.
Шайх Муҳаммад Сиддиқи Миншовӣ, аз машҳуртарин ва бузургтарин қориёни Миср ва ҷаҳони Ислом 20 июни соли 1969 дар синни 49 солагӣ даргузашт.
Дар идома видеои камтар дида шуда аз тиловати устод Миншовӣ дар соли 1966-ро мушоҳида мекунед, ки оёти 93 то 99 сураи муборакаи Оли Имрон аст: