IQNA

Сураҳои Қуръон / 10

Сураи Юнус; Чолиши бузурги Қуръон барои инкоркунандагон

20:54 - June 12, 2023
рақами хабар: 98
Достони Паёмбарон дар бахшҳои мухталифе аз Қуръон омадааст; Махсусан муқобили онҳо ба афроде, ки Худованд ва Паёмбар ва мӯъҷизоти Паёмбаронро инкор мекунанд.

Дар давраи Паёмбари Ислом(с) низ афроде мӯъҷизоти Паёмбар ба вижа Қуръони Каримро инкор мекарданд. Худованд онҳоро бо чолиши сахте даъват мекунад!

Ба гузориши “ИКНА”, сураҳои мутааддиде ба номи Паёмбарони илоҳӣ номгузорӣ шудааст, ки аввалини онҳо, сураи Юнус аст. Дар Қуръони Карим 4 бор номи ҳазрати Юнус омадааст.

Сураи Юнус даҳумин сураи Қуръони Карим аст, ки дар ҷузъи ёздаҳум омадааст. Ин сура, ки як сураи макӣ аст 109 оят дорад, дар тартиби нузул, панҷоҳу якумин сурае аст, ки бар Паёмбари Ислом(с) нозил шудааст.

Далели номгузории ин сура, баёни достони ҳазрати Юнус ва моҷарои наҷот ёфтани қавми ҳазрати Юнус(а) аз азоби илоҳӣ аст. дар достони ҳазрати Юнус омадааст, ки эшон барои ҳидоят, ба самти қавм рафт, аммо аз байни онҳо фирор кард ва савори киштӣ шуд. Наҳанг ӯро балъид. Ва сипас наҷот дода шуд ва бори дигар ба сӯи он қавм фиристода шуд ва мардум ба вай имон оварданд.

Дар ин сура илова бар достони ҳазрати Юнус, ба моҷарои дигар Паёмбарон низ ишороте шудааст. Аз ҷумла ба достони ҳазрати Нӯҳ, сохти киштӣ ва гирифтор шудани қавми ҳазрати Нӯҳ дар тӯфон; Ҳамчунин ба достони ҳазрати Мӯсо ва даъват аз фиръавн, тақобул бо соҳирон ва мӯъҷизаи убур аз дарё ва ғарқшудани фиръавниён ишора шудааст.

Илова бар он ба сахтиҳои Паёмбари Ислом(с) дар мувоҷиҳа бо мушрикин низ пардохтааст. Мушрикин мӯъҷизоти Паёмбар махсусан Қуръони Каримро зери савол мебурданд, аз ин рӯ Қуръони Карим онҳоро ба чолиш мекашонад то коре монанди мӯъҷизоти Паёмбар анҷом диҳанд.

Ҳадафи ин сура таъкид бар масъалаи тавҳид аст. Ба гуфтаи бархе муфассирон ин сура баъд аз онки мушрикин, масъалаи ваҳй ва мӯъҷизоти Паёмбарро инкор карданд ва Қуръонро сеҳр ва ҷоду хонданд нозил шудааст.

Дар сураи Юнус оёте дар мавриди масоиле аз ҷумла баёни нишонаҳои қудрати Худованд, далоили исботи вуҷуди Худо, ваҳй, набвват ва беъсати Паёмбарон омадааст.

Оёте аз ин сура низ аз лиҷоҷат ва сарсахтии бутпарастон сухан мегӯяд ва ононро ба зоти ҳақиқӣ шон даъват мекунад. Дар ин сура аз ин афрод ба унвони касоне ёд мешавад, ки дар ҳангоми мушкилот ба ёди Худои якто меафтанд.

Калидвожаҳо: Сураҳои қуръон, 114, сураи Юнус, Юнуси Паёмбар, Худои якто, ваҳй, мӯъҷизаи илоҳӣ.

captcha