Ба гузориши “ИКНА” ба нақл аз “Араб Ниюз”, хабаргузории Арабистони Саудӣ бо истинод ба оморҳои вазорати беҳдошт гузориш дод, ки беш аз 18000 зоир дар Мадина аз ибтидои мавсими ҳаҷ таҳти муроқибатҳои пизишкӣ қарор гирифтаанд.
Бар асоси омори вазорати тандурустии Арабистони Саудӣ дар маҷмӯъ, 16101 нафар аз миллитҳои мухталиф дар марокизи тандурустии фаслӣ ва муваққат, ки дар наздикии Масҷидуннабӣ барпо шуда ва 2188 нафар дар бемористонҳои маҳаллӣ таҳти муроқибат қарор гирифтанд.
Ин вазоратхона гуфт, ки иқдомоти пизишкии ироа шуда шомили катетеризатсияи қалбӣ, ҷарроҳии қалби боз, диализ ва эндоскопия буд.
Ба гуфтаи мақомоти Саудӣ, 1410 нафар аз афроди расмӣ ва довталаб, иҷрои тарҳи амалиёти созмони ҳилоли Аҳмари Арабистонро дар минтақаи Мадина барои мавсими ҳаҷҷи имсол оғоз карданд.
Аҳмад бин Али Аз-Заҳронӣ, мудири кулли ҳилоли Аҳмар дар Мадина, бо баёни инки ин тарҳ шомили ироаи хадамоти фавриятҳои пизишкӣ ба зоирони Масҷидуннабӣ ва тараддуд дар масирҳои мунтаҳӣ ба Мадина аст, гуфт: 45 маркази таъҷилӣ дар иҷрои ин тарҳ мушорикат доранд, ки 79 тими имдодии муҷаҳҳаз ба ҷадидтарин худравҳо ва 710 нафари дигар омодаи анҷоми хадамоти таъҷилии ҳавоӣ ҳастанд.
Арабистони Саудӣ маҳдудияти ҳузури ҳуҷҷоҷро барои анҷоми маросими ҳаҷ дар соли ҷорӣ бардошта ва қарор аст ин кишвар мизбони 2 миллион зоир барои ҳаҷ бошад. Соли гузашта ҳудуди 900 ҳазор зоир маросим ҳаҷро анҷом доданд.