IQNA

10:50 - August 19, 2026
рақами хабар: 4973

Баргузории марҳилаи муқаддамотии мусобиқаҳои Қуръонӣ ба муносибати Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир

Марҳилаи муқаддамотии миллии мусобиқаҳои Қуръонӣ ба муносибати 28-умин Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир рӯзи душанбе, 26-уми мурдод (17-уми август) дар ин кишвар баргузор гардид.

Ба гузориши икно, ба нақл аз «Ал-Ҷануб ал-Кабир», Юсуф Билмаҳдӣ, вазири умури динӣ ва авқофи Алҷазоир, рӯзи душанбе, 26-уми мурдод, бар оғози марҳилаи муқаддамотии мусобиқаҳои миллии Қуръон ба муносибати 28-умин Ҳафтаи миллии Қуръон дар Алҷазоир назорат кард. Ин мусобиқа ба таври видеоконфронс баргузор мешавад.

Ӯ зимни суханронӣ дар ин мусобиқа гуфт: «Ин мусобиқаи бузург, ки бо ҳимояти Абдулмаҷид Таббун, раисиҷумҳури Алҷазоир баргузор мешавад, ҷойгоҳи меҳварии Қуръон дар зиндагии уммати исломӣ ва нақши таърихии онро дар ҳифзи ҳувияти миллӣ ва таҳкими арзишҳои ахлоқӣ дар ҷомеа нишон медиҳад.»

Вай афзуд: «Таваҷҷуҳ ба Қуръон, омӯзиши он ва гиромидошти аҳли Қуръон дар доираи талошҳо барои ҳифзи иқтидори динӣ ва миллии Алҷазоир идома дорад.»

Билмаҳдӣ ҳамчунин талошҳои анҷомшуда барои рушди пайвастаи муассисаҳои Қуръонӣ ва баланд бардоштани сатҳи омӯзиши омӯзгорон ва устодони фаъол дар мактабҳои Қуръон ва зовиё (марказҳои суннатии омӯзиши Қуръон)-ро ситоиш карда, ёдовар шуд, ки ин талошҳо дар ба даст овардани натиҷаҳои ифтихоромез аз ҷониби ширкаткунандагони алҷазоирӣ дар маҳфилҳо ва мусобиқаҳои гуногуни байналмилалии Қуръонӣ нақши муҳим доштаанд.

Ӯ таъкид кард: «Мусобиқаҳои маҳаллии Қуръон, ки моҳи июли гузашта дар вилоятҳои гуногуни Алҷазоир баргузор шуданд, бо иштироки 1500 нафар аз гурӯҳҳои синнии наврасон, ҷавонон ва калонсолон, инчунин иштирокдорони барномаҳои саводомӯзӣ баргузор гардиданд.»

Вазири умури динии Алҷазоир афзуд: «Дар натиҷаи ин мусобиқаҳо 200 нафар барои иштирок дар марҳилаи миллии кунунӣ интихоб шуданд, ки дар шаш бахш баргузор мешавад. Дар ин мусобиқа аз ҳар бахш 10 нафари беҳтарин муайян карда хоҳанд шуд.»

Пас аз ин марҳила, қарор аст 60 нафар иштирокчӣ ба марҳилаи ниҳоии мусобиқаҳои марбут ба 28-умин Ҳафтаи миллии Қуръон роҳ ёбанд. Марҳилаи ниҳоӣ қарор аст дар 10 рӯзи аввали моҳи сентябр дар вилояти Буҷоя баргузор шавад.

Гуфтанист, ки Ҳафтаи миллии Қуръон яке аз муҳимтарин чорабиниҳои Қуръонӣ дар Алҷазоир ба шумор меравад, ки ҳамасола бо барномаҳои гуногуни Қуръонӣ дар ин кишвар баргузор мешавад.

Барномаҳои Ҳафтаи миллии Қуръон, ки бо ҳимояти раисиҷумҳури Алҷазоир баргузор мешаванд, бахше аз барномаҳои вижаи ҷашни мавлуди Паёмбар (с) ба шумор мераванд.

4370428

captcha